Сармураббии дастаи футболи «Арсенал» ба Тоҷикистон омад

Май 30, 2019 11:51

ДУШАНБЕ, 30.05.2019./НИАТ «Ховар»/. Дар деҳаи зебоманзари дараи Алмосии шаҳри Ҳисор мусобиқаи футбол миёни дастаҳои кӯдакона бахшида ба хотираи собиқ  ҳимоятгар ва капитани  дастаи «Помир» -и Душанбе ва Устоди варзиши Иттиҳоди Шуравӣ  Геннадий Черевченко оғоз гардид.

Игор Черевченко, ки феълан сармураббии бошгоҳи «Арсенал»-и шаҳри Тулаи Федератсияи Россия мебошад, дастпарвари футболи тоҷик ва фарзанди собиқ футболбози маъруфи дастаи «Помир»-и Душанбе Геннадий Черевченко буда, ҳамасола маҳз бо дастгирии ин фидоии футбол ва фарзанди сазовор ба хотираи падараш дар Тоҷикистон мусобиқа баргузор карда мешавад.

Дар мусобиқа  барои поси хотираи Геннадий Черевченко панҷ тими футболи наврасон аз тамоми манотиқи кишвар ва як тим аз ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат доранд. Игор Черевченко ҳарчанд солҳост, ки дар Россия кору зиндагӣ мекунад, аммо ҳамеша худро  фарзанди ин сарзамин ва  Тоҷикистонро Ватани аслии худ медонад.

Дар маросими кушодавии мусобиқа кормандони Федератсияи футболи кишвар, дӯстдону пайвандон ва ҳампешагони Геннадий Черевченко иштирок намуда, аз фаъолияти варзишии пурмаҳсули ӯ ба футболбозони оянда қисаҳо карданд.

Мусобиқа барои поси хотираи собиқ футболбози маъруф ва капитани  дастаи овозадори «Помир»-и Душанбе Генадий Черевченко анъанавӣ буда, он дар майдонҳои Академияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳамасола  бо дастгирӣ ва иштироки бевоситаи   писараш Игор Черевченко    доир карда  мешавад.

Май 30, 2019 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд