Шукурҷон Зуҳуров бо Салоҳиддин Раббонӣ мулоқот анҷом дод

Май 16, 2019 16:10

ДУШАНБЕ, 16.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ масъалаҳои гуногунҷанбаи ҳамкории Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ намуданд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ҷонибҳо аз вазъи робитаҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ёдовар шуда, хоҳони густариши ҳамкорӣ дар самти захираҳои энергетикӣ ва татбиқи саривақтии лоиҳаи бузурги дорои аҳамияти минтақавӣ шуданд.

Зикр шуд, ки густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Афғонистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Солҳои охир ҳарду мамлакат дар соҳаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, обу энергетика, саноат, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои барои ҳарду ҷониб судманд ҳамкории хуб ба роҳ мондаанд.

«Шукурҷон Зуҳуров бо таваҷҷуҳ ба вазъи кунунии Афғонистон зикр  намуд, ки ҳифзи амнияту субот ва ваҳдати миллию қавмӣ на танҳо барои мардуми азияткашидаи ин кишвар, балки барои кулли минтақа басо муҳим аст», — илова намуд манбаъ.

Бояд гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини сулҳ ва рушди иқтисодии Афғонистон ҳамеша ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамкории муштарак даъват намуда, дар навбати худ омодагии мамлакатро дар ин самт баён медоранд.

«Салоҳиддин Раббонӣ изҳор дошт, ки мо дастгирӣ ва пуштибониҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба таъмини сулҳу амният дар мамлакати худ қадр менамоем. Бисёр хушнуд ҳастем, ки ин мамлакати дӯст ҳамеша барои таъмини амнияту субот дар кишвари мо ва барқарории харобиҳои баъдиҷангӣ бо пешниҳодҳои ҷолиб  ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалиро ба ҳамкории муштарак даъват менамояд», — гуфт М.Султонов.

Ёдовар мешавем, ки Салоҳиддин Раббонӣ ҷиҳати иштирок дар Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил», ки 16-17 майи соли 2019 дар Душанбе баргузор мегардад, ба Тоҷикистон ташриф овардааст.

Май 16, 2019 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид