«Таҳкими масъалаҳои оиладорӣ дар замони ҷаҳонишавӣ». Иштирокдорони ҳамоиш дар Душанбе ин мавзӯъро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 16.05.2019./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар бинои Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Таҳкими масъалаҳои оиладорӣ дар замони ҷаҳонишавӣ» доир гардид.
Дар кори он намояндагони вазорату идораҳо, олимону мутахассисон, ташкилотҳои ҷамъиятию байналмилалӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиши мазкур тарғиби суннатҳои неки оиладорӣ, беҳтарин арзишҳои оиладорӣ ва талқини онҳо ба насли ҷавону ояндасози миллат дар ҷаҳони муосир мебошад.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ҷамъомадро бо сухани муқаддимавӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ифтитоҳ намуда, паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба иштирок расонид.
Тавре гуфта шуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати талошу сиёсати пайгирона ва заковати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзу ҳимояи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии оила, кӯдак ва волидайн қадамҳои усутувор мегузорад.
Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад.
Тазаккур дода шуд, ки оила дар ташаккули инсон аҳамияти муҳими аввалиндараҷа дошта, нахустин заминаи иҷтимоии шахс маҳсуб мешавад. Ин аст, ки дар кишвари мо аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумат ба нақши оила дар пешравии ҷомеа таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мешавад. Соли оила эълон шудани соли 2015 аз ҷониби Сарвари давлат тасдиқи гуфтаҳои болост. Ҳадафи аслии ин иқдом, албатта, баланд бардоштани нақши оила дар ҷомеа буда, он ба тарбияи фарзанд ва тақвияти муносибатҳои хуби муошират байни аъзои оила равона шудааст. Зеро оила ҷузъи хурдтарини давлат буда, чӣ қадаре мустаҳкам бошад, ҳамон қадар давлат устувор мегардад ва имкониятҳои он дар бунёди ҷомеаи ҳуқуқасоси демократӣ зиёд мешавад.
Иштирокдорони ҳамоиш дар мавзӯъҳои «Мушкилот ва таҳкими маърифати ҳуқуқӣ дар оила», «Аҳамияти донишҳои антропологӣ дар оила», «Арзёбии ҷабҳаҳои иқтисодии оила ва оиладорӣ», «Нақши оила дар муқобили буҳронҳои маънавӣ», «Оилаи солим- асоси давлат» ва ғайра бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад карданд.
Сипас миёни иштирокдорони ҳамоиш доир ба мавзӯъҳои матраҳшуда суолу ҷавоб сурат гирифт.








«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд






