Ташкили гӯшаи зиндаи ҳайвоноту парандаҳо барномаи идонаи кӯдакони вилояти Суғдро рангинтар месозад

Май 30, 2019 09:37

ДУШАНБЕ, 30.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. 1 июни соли равон  бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Боғи фарҳангию фароғатии «Наврӯзгоҳ»—и  шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд барномаи  идона баргузор мешавад.

Дар боғи мазкур  гӯшаи зиндаи ҳайвоноту парандаҳои гуногун, гӯшаҳои саломатӣ ва аёниятҳои таблиғи тарзи ҳаёти солим,  инчунин техникони наврас  ташкил мегардад. Дар барномаи идона кӯдакону наврасон,  хонандагони беҳтарин аз шаҳру ноҳияҳо, ятимони кулл ва тарбиятгирандагони муассисаҳои иҷтимоии вилоят  иштирок менамоянд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ,  дар  макони баргузории чорабинӣ ташкили  барномаҳои фарҳангии тарбиятгирандагони  кӯдакистонҳо  ва бозиҳои гуногуни  варзишӣ дар назар дошта шудааст.  Дар  барномаи фарҳангӣ  маҳсули меҳнати дастии хонандагони  вилоят – ғолибон ва иштирокдорони озмунҳои «Техникони наврас», «Бозёфт», «Дастони моҳир», «Шаҳри ояндаи ман», «Ихтироъкори беҳтарин», аъзои маҳфилҳои адрасбофӣ, гилембофӣ ва гулдӯзӣ ба намоиш гузошта мешавад.Хамчунин пешниҳоди рақсу таронаҳои ҷолиб хотири бачаҳоро болида  мегардонад.

Май 30, 2019 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид