Ташкили гӯшаи зиндаи ҳайвоноту парандаҳо барномаи идонаи кӯдакони вилояти Суғдро рангинтар месозад
ДУШАНБЕ, 30.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. 1 июни соли равон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Боғи фарҳангию фароғатии «Наврӯзгоҳ»—и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд барномаи идона баргузор мешавад.
Дар боғи мазкур гӯшаи зиндаи ҳайвоноту парандаҳои гуногун, гӯшаҳои саломатӣ ва аёниятҳои таблиғи тарзи ҳаёти солим, инчунин техникони наврас ташкил мегардад. Дар барномаи идона кӯдакону наврасон, хонандагони беҳтарин аз шаҳру ноҳияҳо, ятимони кулл ва тарбиятгирандагони муассисаҳои иҷтимоии вилоят иштирок менамоянд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар макони баргузории чорабинӣ ташкили барномаҳои фарҳангии тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо ва бозиҳои гуногуни варзишӣ дар назар дошта шудааст. Дар барномаи фарҳангӣ маҳсули меҳнати дастии хонандагони вилоят – ғолибон ва иштирокдорони озмунҳои «Техникони наврас», «Бозёфт», «Дастони моҳир», «Шаҳри ояндаи ман», «Ихтироъкори беҳтарин», аъзои маҳфилҳои адрасбофӣ, гилембофӣ ва гулдӯзӣ ба намоиш гузошта мешавад.Хамчунин пешниҳоди рақсу таронаҳои ҷолиб хотири бачаҳоро болида мегардонад.








Таҳкими ҳамкорӣ дар самти рушди ғизои мактабӣ бо намояндагони Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ баррасӣ гардид
150 нафар соҳиби шаҳодатномаи маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» гардиданд
ОГОҲӢ! Аз 6 то 8 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид
Дар Кӯлоб аксари иншооти аз офати табиӣ осебдида барқарор гардида, оилаҳои зарардида соҳиби хонаҳои нав мешаванд
Дар Душанбе Форуми соҳибкории занон, сармоягузорӣ ва технология оғоз гардид
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. 24 истироҳатгоҳи мавсимии беруназшаҳрӣ барои қабули кӯдакону наврасон омода мебошанд
Дар ноҳияи Айнӣ пайомадҳои офати табиӣ бартараф мегарданд
Нахустин ҷаласаи Раёсати Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» баргузор шуд
Дар шаҳри Хуҷанд мавсими нави оббозӣ дар шиногоҳи соҳили дарёи Сир оғоз гардид
ОГОҲӢ! Аз 3 то 5 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ бо Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид






