«ТОҶИКИСТОН — ЯКЕ АЗ ДАВЛАТҲОИ ПЕШСАФ ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН». Чунин изҳор дошт муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков
ДУШАНБЕ, 16.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил» бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков мулоқот анҷом доданд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, Владимир Воронков Тоҷикистонро «яке аз давлатҳои пешсаф дар мубориза бар зидди терроризм дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва тамоми ҷаҳон» номид.
Инчунин Владимир Воронков баъд аз анҷоми мулоқот ба хабарнигорон иброз дошт, ки зимни вохӯрӣ бо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи Конфронси сатҳи олӣ муҳокима карда шуд. Конфронси мазкур, бешубҳа, муваффақияти комили ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳад буд. Мавзӯи терроризм ҳанӯз актуалӣ буда, нақши роҳбарикунандаи Тоҷикистон дар ин самт барои решакансозии ин қувваи бадӣ муҳим ва ҳалкунанда ба шумор меравад.
Хотиррасон мекунем, ки 17 май дар шаҳри Душанбе Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил» баргузор мегардад.








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






