ЗИНДАВУ ҶОВИД. Оҳангсоз ва хореограф Ғуломҳайдар Ғуломалиев дар рушди санъати тоҷик саҳми арзанда гузошта, онро берун аз Тоҷикистон ба таври шоиста муаррифӣ намудааст
ДУШАНБЕ, 19.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Номи даҳҳо нафар адибон, олимон, санъатварони мумтози рӯшонӣ на танҳо дар сар то сари Тоҷикистон, балки берун аз он низ маълуму машҳур гаштааст. Аз ҷумла, Ҳунарпешаи Халқии СССР Ғуломҳайдар Ғуломалиев, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Гурминҷ Завқибеков, сарояндагон ва ҳунарварони номӣ Моҳҷон Назардодова, Нуқра Раҳматова, Устоқадам Машрабов, Мастибек Паллаев, ки дар рушду равнақи санъати тоҷик, хусусан мусиқиҳои суннатии беҳтарину рӯҳнавози бадахшонӣ саҳми арзанда доранд, дар сарзамини зебои Рӯшон ба воя расидаанд. Ба зодрӯзи яке аз онҳо – Ғуломҳайдар Ғуломиалиев имсол 115 сол пур шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо мардуми ноҳияи Рӯшон 24 июни соли 2010 таъкид карданд: «Рӯшон дарвоқеъ диёри равшандилон мебошад ва шахсияти барҷастаи илму адаби тоҷик ҳаким Носири Хусрав ҳанӯз дар асри XI ҳангоми ба мулки Рӯшон омаданаш аз пазироии гарми мардуми он мутаассир шуда, дар ситоиши онҳо ин шоҳбайти машҳури худро эҷод кардааст:
Равшандилони Рӯшон оинаи сафоянд,
Ғам аз дили ғарибон сайқал зада, зудоянд…
Рӯшониён табиатан аҳли фарҳангу маърифат, донишманду соҳибҳунар ва баору номус буда, мусиқиҳои суннатии беҳтарину рӯҳнавози бадахшонӣ бештар маҳсули заҳмати фарзандони ин сарзамини зебоманзаранд. Фарзандони шӯҳратманди ноҳияи Рӯшон — Назаршо Додхудоев, Ғоибназар Паллаев, Меҳрубон Назаров, Хушқадам Давлатқадамов, Ғуломҳайдар Ғуломалиев, Савсан Бандишоева, Гурминҷ Завқибеков, Хушбахт Хушвақтов, Нуқра Раҳматова, Азалшо Олимов, Раимқул Малахбеков ва даҳҳо нафар шахсиятҳои шинохта мебошанд, ки дар мақомоти баланди давлатӣ ва фарҳангу ҳунар барои халқу Ватан содиқона хизмат карда, дар пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд…».
Дарвоқеъ, таърихи мусиқии касбии бадахшонӣ номи бисёр мусиқидонон, оҳангсозон, мутрибон ва овозхонҳои барҷастаро зинда медорад. Ин ҷо яке аз асосгузорони мусиқии касбӣ ва хореографии Бадахшон, оҳангсоз ва хореограф Ғуломҳайдар Ғуломалиевро, ки дар рушду равнақи санъати тоҷик, хусусан мусиқии касбии бадахшонӣ саҳми арзанда гузошта, онро берун аз Тоҷикистон ба таври шоиста муаррифӣ намудааст, метавон ном бурд.
Шодравон Ғуломҳайдар Ғуломалиев 6 сентябри соли 1904 дар деҳаи Вомари ноҳияи Рӯшон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Кӯдакии ӯ низ дар ҳамин деҳа гузаштааст. Мутаассифона, Ғуломҳайдар хело барвақт аз волидайн ятим мемонад. Пайроҳаи кӯчаки ҳунарӣ, ки ӯро ба шоҳроҳи санъат баровардааст, аз зодгоҳаш оғоз пазируфтааст.
Ғуломҳайдари ҷавон бо даъвати устоди нахустинаш Марватшо Айдарбеков (Бандишоев) ба дастаи ҳунарии отряди сарҳадчиёни ноҳияи Рӯшон ҳамчун мутриб дохил мешавад. Номбурда бори нахуст созҳои мусиқӣ-гитараву балалайкаро машқ мекунад. Аз ҳамин сол сар карда, ӯ ҳаёти худро бо мусиқӣ мепайвандад.
15 феврали соли 1931 сафари ҳунарии санъаткорони даста ба шаҳри Сталинобод сурат мегирад. Ҳунарнамоии онҳо ба тамошобинон бисёр хуш меояд ва минбаъд ба тамоми чорабиниҳои фарҳангии сатҳи баланд даъват мешаванд. Соли 1932 дар ноҳияи Рӯшон аввалин қироатхона (клуб) кушода шуда, роҳбарии он ба зиммаи Ғуломалиев вогузор мегардад.
Соли 1932 дар вилоят театр ташкил шуда, Ғуломалиевро ба театр даъват мекунанд. Саркоргардони театр Виталий Смирнов интихоб мешавад. Смирнов ба ӯ маслиҳат медиҳад, ки Ансамбли этнографии бачагонаи «Помир»-ро ташкил намояд.
Ғуломҳайдар Ғуломалиев соли 1936 аввал дар маркази Рӯшон, баъдтар дар деҳаи Барӯшон ва дигар деҳаҳо мустақилона маҳфилҳои худфаъолияти бадеӣ ташкил намуда, наврасони аз 5 то 14-соларо ба онҳо ҷалб месозад. Меҳрубон Назаров, Назардод Меликов, Ширин Аҳмадхонова, Зулхумор Темурова, Моҳҷон Назардодова, Савсан Бандишоева ва дигарон аз аввалин шогирдони Ғуломҳайдар Ғуломалиев ба ҳисоб мераванд.
Соли 1941 омодагиҳо ба Даҳаи санъати халқи тоҷик дар Москва оғоз мегарданд. Намояндагони ҷумҳурӣ барои интихоби санъаткорон ба сафари вилояти Бадахшон мебароянд ва Ансамбли этнографии бачагонаи «Помир»-ро барои иштирок интихоб мекунанд. Ҳамин тавр, аъзои ансамбл таҳти роҳбарии Ғуломалиев ба Сталинобод даъват мешаванд ва як муддат дар «Хонаи деҳқон» машқ мекунанд.
Ансамбл соли 1941 дар пойтахти СССР — шаҳри Москва бо барномаи калони фарҳангӣ дар назди Сталин ҳунарнамоӣ мекунад ва аз ҷониби роҳбари аввали Иттиҳоди Шуравӣ баҳои баланд мегирад. Баъд аз баромад роҳбарон ва сарояндагону раққосони ансамбл, аз ҷумла Савсан Бандишоева, Шариф Ҷӯраев, В. Смирнов, Ф. Солиев, Р. Узоқов бо Ордени «Нишони фахрӣ» ва Ғуломҳайдар Ғуломалиев, М. Айдарбеков, А. Мирзошоев, А. Протсенко бо медали «Барои меҳнати шоён» қадрдонӣ мешаванд.
Ансамбли этнографии бачагонаи «Помир» сазовори байрақи «Пешқадамони санъат» дониста мешавад. Ба солисти ансамбл Абдулвоб Мирзошоеви 10-сола медали «Барои меҳнати шоён»-ро шахсан Раиси Президиуми Совети Олии СССР Михаил Калинин месупорад.
Узви ансамбл-Абдулвоб Мирзошоев дар мавриди он айёми фаромӯшнашаванда чунин навиштааст: «Моҳи апрели соли 1941 дар шаҳри Москва Даҳаи адабиёт ва санъати халқи тоҷик барпо гашта буд. Дар даҳа мо 34 нафар пионерони Помир иштирок кардем. Мо сурудҳои «Булбулон», «Кадудона», «Уштур ба чаман»-ро сароидем. Ҳамроҳи мо Ҳунарпешаи халқии РСС Тоҷикистон Гурминҷ Завқибеков ҳам буд. Дар ҳаёти ман 24 апрели ҳамон сол рӯзи фаромӯшнашаванда маҳсуб меёбад, зеро дар он рӯз котиби Президиуми Шӯрои Олии СССР А. Горкин Укази Президиуми Шӯрои Олии СССР–ро қироат намуд, ки дар қатори дигарон ба ман ҳам мукофоти давлатӣ-медали «Барои меҳнати шоён» дода шуд».
Инчунин ансамбли мазкур моҳи марти соли 1943 дар Даҳаи адабиёти халқҳои Осиёи Миёна, ки дар шаҳри Тошканд доир гардид, иштирок карда, бо грамотаҳои фахрӣ ва мукофотҳо сарфароз мегардад.
Ғуломҳайдар Ғуломалиев соли 1946 бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, соли 1955 бо унвони Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон ва соли 1957, баъди ҳунарнамоии ансамбл дар рӯзҳои Даҳаи дигари санъат ва адабиёти тоҷик шаҳри Москва, дар саҳнаи Театри клони Москва, толори консертии ба номи Пётр Чайковский, мактапбу донишкадаҳо ва заводу фабрикаҳои пойтахти Иттиҳоди Шӯравӣ бо унвони Ҳунарпешаи Халқии СССР қадрдонӣ шудааст. Номбурда аввалин ва охирин ҳунарманд дар қаламрави Бадахшон аст, ки ба гирифтани чунин унвони баланд шараёб гардидааст. Инчунин дар тӯли фаъолияти пурсамар ва кӯтоҳи худ бо чандин медалҳо ва ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии СССР сарфароз гардонида шудааст.
Ғуломҳайдар Ғуломалиев 18 апрели соли 1961 зимни сафари ҳунарӣ дар шаҳри Москва вафот карда, дар яке аз оромгоҳҳои Душанбе, воқеъ дар кӯчаи «Дӯстии халқҳо» ба хок супорида мешавад.
Мавриди зикр аст, ки Ғуломҳайдар Ғуломалиев бори нахуст композитсия ва монтажҳои мусиқӣ-адабии «Партия-раҳнамои мо», «Барои сулҳ», «Тӯи колхозӣ»-ро тайёр кардааст, ки аз ҷониби тамошобинони серталаб хеле хуб қабул шуда, баҳои баланд гирифтаанд. Кӯшишҳои нахустинаш дар бобати ба ашъори шоирон оҳанг бастан ҳам маҳз аз солҳои 30-юм сарчашма мегиранд.
Номбурда ба шеърҳои «Ба партия»-и Мирзо Турсунзода, «Республикаи ман» ва «Ширин-ширин»-и Мирсаид Миршакар, «Бадахшон»-и Нишон Ҳамроҳ оҳангҳои нахустинашро бо тори қафқозӣ эҷод кардааст. Ӯ тори қафқозиро соли 1936 баъд аз сафари ҳунарӣ ба шаҳри Москва бори аввал ба вилояти Бадахшон меорад ва ба ансамбл илова мекунад.
Оҳанги суруди чоровозаи «Суруд ва муҳаббат», сурудҳои «Нола кунам», «Салом аз Бадахшон», «Пахтакорон», «Маҳбуба», «Бадеҳа», «Суруди меҳнат», «Баҳори Бадахшон», «Суруд дар васфи Москва» аз оҳангҳои эҷодкарда ва машҳури Ғуломҳайдар Ғуломалиев мебошанд, ки борҳо берун аз кишвар садо додаанд.
Устод Абулқосим Лоҳутӣ баъди тамошои ҳунарнамоии санъаткорони ансамбл соли 1940 ба ваҷд омада, шеъреро бо номи «Лолаҳои Бадахшон» эҷод намудааст:
Равшанӣ борад зи Рӯшон, насли рахшонро бубин,
Лолаҳои навраси Хоруғу Рӯшонро бубин!
Гар надидӣ гавҳари рақсону лаъли нағмахон,
Ганҷҳои санъати кӯҳи бадахшонро бубин!
Бар гул ин лабҳои хандон шодмонӣ медиҳанд,
Пирӣ аз хотир баранд, ин навҷавононро бубин!
Кас надида рӯи ҷонро то кунун бо чашми сар,
Дар рӯҳи ин бачаҳо, эй гул, биё ҷонро бубин!
Ҳолашон пурҷилваву ояндашон тобанда аст,
Шодию фахру умеди Тоҷикистонро бубин!
Панҷсола кӯдакон ҳам номдорӣ мекунанд,
Пур зи осори Сталинист, давронро бубин!
Бояд тазаккур дод, ки чунин ансамбли бачагона, ки дар он ҳам суруд мехонданду ҳам мерақсиданду ҳам менавохтанд, дар ҳамон солҳо дар иттиҳоди Шӯравӣ ягона ба шумор мерафт. Аъзои ансамбл бо ҳунарнамоии худ тамошобинонро дар тамоми ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравиро ба ваҷд оварда, бори дигар собит намуданд, ки мардуми тоҷик дар ҳақиқат дорои санъату фарҳанги воло мебошад. Албатта, саҳми роҳбари ансамбл Ғуломҳайдар Ғуломалиев низ дар тарбияи наврасону ҷавонон, ки имрӯз дар дохил ва хориҷи кишвар машҳур гаштаанд, хеле калон аст. Ва ҳар яки онҳо ҳамеша аз заҳматҳои устодашон ба хубӣ ёд карда, ифтихор мекунанд, ки зери тарбияи чунин арбоби санъат ба камол расидаанд…
Дар заминаи ансамбли этнографии бачагонаи «Помир», ки беш аз 20 сол фаъолият намудааст соли 1961, баъди вафоти Ғуломҳайдар Ғуломалиев, дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон, ки имрӯз номи Акашариф Ҷураевро дорад, ансамбли нави касбии тарона ва рақси «Помир» таъсис дода шуд.
Ансамбл, ки роҳбарии онро Акашариф Ҷӯраев ба зима дошт, дар муддати начандон тӯлонӣ қариб 60 нафар беҳтарин истеъдодҳои халқии Бадахшон ва дигар манотиқи кӯҳистони Тоҷикистонро ба ҳам овард. Омӯзишу такмилдиҳӣ ва тарғиби санъати халқии сарояндагию навозандагӣ ва рақсии мардуми Бадахшон аз ҳадафҳои асосии ансамбл ба шумор мерафт, аммо дар барномаҳояш суруду тарона ва рақси на танҳо манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ, балки дигар халқҳо низ мавқеи хос доштанд.
Сюитаҳои созию овозии «Шодиёна», «Суруд ва муҳаббат», бадеҳаҳои «Акрамҷони сеторӣ», «Дилбари ҷон», «Умеди ман», сюитаи бисёровозаи мусиқӣ-рақсии «Эй парӣ», саҳначаҳои ҳаҷвии «Ялалбобо», «Як гурбаю ду гурба», таронаҳои «Имшаб қамар ин ҷост», «Нола кунам», «Салом аз Бадахшон», «Маҳбуба», «Баҳори Бадахшон» ва ғайра дар иҷрои ҳайати ансамбл дар хазинаи Радиои тоҷик маҳфузанд. Ҳунармандони машҳури тоҷик Зафар Нозимов, Абдулло Назриев, Ҳукуматшо Бандишоев Гурминҷ Завқибеков, Хушназар Майбалиев, Нуқра Раҳматова, Муборакшо Ҷумъаев, Ҳукуматшо Бандишоев, Улфатмо Мамадамбарова, Сайлон Зоиршоева, Миралӣ Сафармамадов, Гулбек Саодатов, Устоқадам Машрабов (Усто), Мастибек Паллаев (Масто) ва дигарон аъзои фаъоли ин ансамбл буданд. Баъзе рақсҳои ансамбли «Помир»-ро, ки маҳсули фаъолияти эҷодии Ғуломҳайдар Ғуломалиев мебошанд, Ҳунарпешаи халқии СССР Игор Моисеев ба барномаи ансамбли давлатии рақси халқии СССР , ки дар саросари ҷаҳон машҳур аст, ворид карда буд.
Ансамбл бо барномаҳои консертӣ қариб дар ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва як қатор давлатҳои хориҷӣ санъати миллии тоҷиконро муаррифӣ кардааст. Соли 1970 ансамбли тарона ва рақси «Помир» дар Фестивали рақси халқҳои кӯҳистон дар шаҳри Закопанйеи Полша давлати бузурги СССР-ро намояндагӣ карда, баъди дастаҳои рақсии Руминия ва Булғория сазовори ҷои сеюм гардид.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»