ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хатлон хобгоҳ ва майдончаи варзиширо мавриди истифода қарор дод

Июнь 29, 2019 11:30

ДУШАНБЕ 29.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳудуди бинои Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон барои кормандон хобгоҳ ва майдони варзиширо  мавриди истифода қарор дод.

Хобгоҳи мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи аввали он барои кормандон ошхона бунёд  шудааст. Бинои мазкур пурра бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои истиқомати 12 нафар кормандон пешбинӣ шудааст. Бо ба истифода додани майдони варзишии замонавӣ кормандон имкон пайдо мекунанд,  мунтазам ба машқу тамрин ва обу тоби ҷисмонӣ машғул шаванд.

Тавре корманди Агентии мазкур Беҳрӯз Нарзуллозода  ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод, дар маросими кушодашавии хобгоҳ ва майдони варзишӣ, ки   26 июни соли равон  доир гардид,  директори Агентӣ, генерал-майори адлия  Сулаймон Султонзода иштирок намуд.

Директори Агентӣ зикр кард, ки «Ҳукумати мамлакат зери ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз давраи таъсисёбии мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз барои беҳсозии шароити зиндагиву хизматии ҳайати шахсӣ эътибори хосса зоҳир менамоянд. Мавриди истифода қарор гирифтани ин хобгоҳи замонавӣ ва  майдони варзишӣ  низ далели ғамхориҳои навбатии Давлату Ҳукумат дар ҳаққи кормандони мо маҳсуб мешавад».

«Ҷавобан ба ин ғамхориҳо мо бояд, уҳдадориҳои мансабиамонро софдилона иҷро намуда, ба халқу Ватан хизмати содиқона намоем», — афзуд номбурда.

Ба иттилои манбаъ,  фароҳам овардани шароити мусоид омили асосии самаранокии фаъолияти кормандон ба ҳисоб меравад. «Бо ин мақсад ҳамасола дар Агентӣ биноҳои корӣ мавриди таъмиру таҷдид қарор дода шуда, кормандон бо шароити хуби корӣ, аз ҷумла утоқҳои муҷаҳҳаз бо техникаҳои замонавӣ таъмин гардидаанд», -илова кард манбаъ.

Бояд тазаккур дод, ки корҳои сохтмонии  бино ва майдони варзишӣ,  ҳамчунин ободонӣ, сабзазоркунӣ ва насби таҷҳизотҳои варзишию истироҳатӣ  аз ҷониби  мутахассисон соҳа  бо риояи меъёру қойидаҳои сохтмонӣ дар асоси лоиҳаи тасдиқгардида ба анҷом расонида шудаанд.

Ёдовар  мешавем, ки  25 уми июни  соли  равон    бахшида ба  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон    дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе  аз ҷониби   Агентӣ  як майдончаи нави варзишӣ ва бозии кӯдакон ба  истифода  дода шуд буд.

Бояд зикр кард, ки дар маросими кушрдашавии  майдончаи мазкур дар кӯчаи Борбади ин ноҳия  директори Агентӣ Сулаймон Султонзода ва дигарон иштирок намуданд.

Майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол, бозии кӯдакон ва макони истироҳати калонсолон пешбинӣ гардида, масоҳати умумии он 2 ҳазору 100 метри мурабаъро  ташкил медиҳад.

Зикр гардид, ки иқдоми мазкур идомаи ташаббуси роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти тақвияти корҳои ободонию созандагӣ дар пойтахти мамлакат  буда,  мақсад аз он  тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавияти варзиш  ва ҷалби наврасону ҷавонон ба он мебошад.

Бояд гуфт, ки дар раванди иҷрои корҳои  сохтмонии ин майдонча зиёда аз 2 ҳазору 400 метри мурабаъ роҳравҳои назди он ва хонаҳои истиқоматӣ мумфарш гардида, обравҳои бетонӣ иваз карда шуданд.

Хотиррасон  мешавем, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 низ дар кӯчаи А.Раҷабовҳои пойтахт чунин майдончаро сохта мавриди истифода қарор дода буд.

 

Июнь 29, 2019 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои таъмиру навсозии роҳҳои маҳаллӣ вусъат меёбанд
Дар деҳаи Нақшбандони шаҳри Турсунзода мумфаршкунии роҳи байнидеҳавӣ оғоз шуд
Пешниҳод: «Чойхонаи миллии тоҷикӣ бояд ба феҳристи объектҳои мадании ЮНЕСКО ворид карда шавад»
Дар деҳаи Кангурт сохтмони варзишгоҳ барои 6000 ҷойи нишаст идома дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Роҳи мошингарди Ховалинг — Шугнов таъмир мегардад
БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ишкошим дар 80 иншоот корҳо бо мароми тоза идома дорад
БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар иншооти ҷашнии вилояти Суғд корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд
Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бахшида ба ин ҷашн дар Ҳисор сохтмони бинои бисёрқабатаи истиқоматӣ оғоз ёфт
Бори аввал дар Тоҷикистон ба парвариши моҳии навъи «бестер» хоҷагии «Моҳипарварии Каёнуш»-и ноҳияи Данғара шуруъ менамояд
НОЗИРОНИ НАВРАСИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷараёни оғози озмун
Дар Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода 8 километр роҳи мошингард ба истифода дода шуд