«ҲАМА НИЮШАИ ХОҶА БА НЕКӮИЮ БА СУЛҲ АСТ…». Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин зимни суханронии худ дар Саммити Душанбе аз поягузори адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ иқтибос овард

Июнь 15, 2019 14:09

ДУШАНБЕ, 15.06.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин зимни суханронӣ  дар Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё  дар Душанбе изҳор дошт, ки кишвараш ҷонибдори сулҳ дар Осиё ва тамоми ҷаҳон мебошад. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Барои тақвияти суханҳояш Си Ҷинпин аз поягузори адабиёти классики тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ иқтибос овард:

Ҳама ниюшаи хоҷа ба некӯию ба сулҳ аст,
Ҳама ниюшаи нодон ба ҷангу фитнаву ғавғост.

Ба андешаи ӯ, кишварҳоро зарур аст, ки якҷоя амниятро эҷод намоянд, соҳибихтиёрӣ ва роҳи демократиро эҳтиром гузоранд, инчунин барои интихоби роҳи сиёсӣ имконият диҳанд.

«Бунёди Осиёи Марказии бехатар ҳадафи умумии мо мебошад. Мо ҷонибдори муколама бар ивази муқовимат мебошем», — таъкид намуд роҳбари Чин.

Ба гуфтаи ӯ, барои мубориза бо терроризм бояд бо дарназардошти ҳошияҳои Осиё тадбирҳои муассир андешида шаванд.

«Рушд калиди ҳалли тамоми мушкилот мебошад. Ҳадафи мо бунёди Осиёи кушодаву таҳаммулпазир ва мавҷудияти муносиби тамаддунҳо ба ҳисоб меравад», — тазаккур дод Си Ҷинпин.

Ба гуфтаи ӯ, дар робита ба ин, татбиқи тавофуқҳои дар доираи саммити «Як камарбанд, як роҳ» бадастомада зарур мебошад.

«Чин саҳм ба рушди ҷаҳон ва ҷомеаи тақдири ягонаи инсониятро дастгирӣ менамояд. Мо бо роҳи осоишта рушд карда, роҳи ҳалли сулҳонаи чолишҳои бамиёномадаро пеш мебарем», — гуфт дар фарҷом Раиси ҶМЧ.

Июнь 15, 2019 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд