Аз «Захира дар минтақаи Рашт»- маҳсулоти мавриди ниёзи аввал бо нархҳои нисбатан арзон
РАШТ, 18.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи истеҳсоли орди Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ, инчунин барои ба танзим даровардани нархи маҳсулоти ниёзи аввал зиёда аз 700 тонна гандум захира намуда, ба воситаи мағозаҳои зертобеъ дар ноҳияҳои Рашт 450 тонна, ҷамоати деҳоти Сағирдашт 160 тонна, Сангвор 100 тонна, Лахш 40 тонна, Тоҷикобод 20 тонна ва Нуробод 20 тонна орди хушсифатро ба аҳолӣ бо нархҳои дастрас пешниҳод намуд.
Дар мағозаҳои Агентии мазкур орди навъи якум бо нархи 165 сомонӣ ва навъи дуюм 126 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.
Дар ин бора муовини директори Корхонаи фаръии «Захира дар минтақаи Рашт» Муҷтабо Ҳасанов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.
Тибқи иттилои манбаъ, корхонаи мазкур дар арафаи ин ҷашни бошукӯҳ дар ноҳияҳои зикршуда зиёда аз 100 тонна маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили шакар, равған, макарон, нахӯдпора, марҷумак, ярмаи ҷавро нисбат ба нархи бозор арзон ба фурӯш гузоштаанд.
Инчунин дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари корӣ ба ноҳияҳои водии Рашт барои кам намудани кишти гандум дар минтақа ва зиёд намудани кишти картошка дода буданд, зиёда аз 40 тонна гандумро бо нархи арзон ба аҳолӣ пешниҳод намудаанд.
Корхонаи истеҳсолии орд дар ноҳияи Рашт соли 2014 аз ҳисоби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба танзим даровардани нархи орд дар бозорҳои минтақаи Рашт таъсис ёфтааст, ки имрӯзҳо барои ба танзим даровардани нархи маҳсулот дар мағозаю бозорҳои минтақа саҳми арзанда дорад.








Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид






