Беш аз 200 нафар кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар Бонки марказии Франсия такмили ихтисос намуданд
ДУШАНБЕ, 11.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории низоми бонкии Тоҷикистону Франсия ва табодули таҷриба дар соҳаи бонкӣ дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва Мушовири Президенти Франсия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Паскал Лоро дар Душанбе баррасӣ гардид.
Ҷ.Нурмаҳмадзода доир ба муҳимияти тақвияти низоми бонкӣ, иброз дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон омодаи ҳамкории судманди дуҷониба аст.
Мавсуф афзуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар гузашта бо Бонки марказии Франсия ва институтҳои молиявию қарзии ин кишвар ҳамкории зич ба роҳ монда буд. Дар доираи ин ҳамкорӣ давоми солҳои 1999 – 2006 беш аз 220 нафар кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар Институти молиявӣ – бонкии Бонки марказии Франсия такмили ихтисос намуданд.
«Барои барқарор кардани равобити судманд мо дар фурсати кӯтоҳтарин лоиҳаи ҳамкориро дар самтҳои барои низоми бонкии Тоҷикистон афзалиятнок омода ва пешниҳод менамоем», -илова кард Раиси Бонк.
Паскал Лоро аз таҷрибаи ҳамкории ду кишвар дар самти низоми бонкӣ ёдовар шуда, зикр кард, ки хоҳони дар сатҳи сифатан нав ба роҳ мондани муносибот мебошад. Номбурда иброз дошт, ки барои барқарор ва тақвияти ҳамкорӣ ният дорем бо Бонки миллии Тоҷикистон ёддошти тафоҳум ба имзо расонем.
Ҳамзамон дар мулоқот Сафири Франсия дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуэдар доир ба зарурати тавсеаи ҳамкории байнибонкӣ миёни ду кишвар ибрози назар карда, афзуд, ки: «умедворем сафари дарпешистодаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Франсия ба рушди ҳамкории низоми бонкии ду давлат такони нав хоҳад бахшид».
Дар мулоқот дигар масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкорӣ байни бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Франсия, ҳамкорӣ дар самти сиёсати пулию қарзӣ, идораи захираҳои байналмилалӣ, роҳҳои коҳиш додани қарзҳои ғайрифаъол дар сандуқи қарзӣ матраҳ гардиданд.








Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
607 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид






