ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар деҳаи Шарқиёни ноҳияи Тоҷикобод барои кӯдакон майдончаи дилхушӣ бунёд гардид

Июнь 8, 2019 09:20

ТОҶИКОБОД, 08.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Шарқиёни ҷамоати деҳоти Нушори ноҳияи Тоҷикобод аз тарафи соҳибкор Бегиҷон Худойдодов майдончаи дилхушӣ барои кӯдакон сохта ба истифода дода шуд. Майдончаи мазкур бо маблағи зиёда аз 300 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. Он бо таҷҳизотҳои замонавии варзишию   дилхушкунанда барои кӯдакон муҷаҳҳаз буда,  баҳри  солимӣ ва фароғати кӯдакони деҳот пешбинӣ шудааст.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар кушодашавии майдончаи мазкур раиси ноҳияи Тоҷикобод Ҳамидулло Маҳмадшозода иброз намуд, ки соҳибкорону сокинони бонангу номуси ноҳия барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатӣ  давоми дуюним соли минбаъда 74 иншооти аҳамияти ҷамъиятиву ҷумҳуриявидоштаро бунёд менамоянд.

То имрӯз дар ноҳия зиёда аз 7 иншоот, аз ҷумла биноҳои суди ноҳия, кӯдакистон, бунгоҳҳои тиббӣ бунёд ва  кӯчаҳои маркази ноҳия дар қисмати аввал мумфаршу  чароғон гардиданд. Инчунин як маҷмааи тиҷоратӣ дар бозори марказии ноҳия ба истифода дода шуд.

Бо дастгирии ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 иншоот бо маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазорату кумитаҳо ва буҷети маҳаллӣ сохта мешаванд. Ҳамчунин аз ҷониби   соҳибкорону эҳсонкорони ноҳия 36 инфрасохтори иҷтимоӣ бунёд мегардад.

Дар чорабинии мазкур соҳибкор Бегиҷон Худойдодов ба ҳамдиёрон  ваъда дод, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то охири соли 2019 ду иншооти дигар, аз ҷумла, ҳаммом ва сартарошхона  барои сокинони деҳаи Шарқиён сохта ба истифода медиҳад.

Июнь 8, 2019 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд