Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон баргузор мегардад

Июнь 26, 2019 08:28

ДУШАНБЕ, 26.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. 18 октябри соли равон дар Кохи «Наврӯз»-и шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон  баргузор мегардад. Форуми мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсозии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо агентиҳои Созмони Миллали Муттаҳид, иттиҳодияҳои миллии маъюбон, ташкилотҳои байналмилалии ғайриҳукуматӣ ва дигар шарикони рушд доир мешавад.

Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин Форум масъалаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, рушди имкониятҳои иқтисодӣ, тавонбахшӣ, воситаҳои ёрирасони техникӣ, муҳити дастрас, омори маъюбон ва маблағгузории бахши маъюбӣ дар давоми 10 соли охир баррасӣ мегарданд.

Дар Форуми зикргардида  роҳбарияти олии мамлакат, садри вазоратҳо, кумитаҳо, идораҳои дахлдор, ташкилотҳои ҷамъиятии шаҳрвандӣ, иттиҳодияҳои миллии маъюбон, ташкилотҳои байналмилалии ғайриҳукуматӣ ва дигар шарикони рушд, роҳбарон кормандони  муассисаҳои соҳаи тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок менамоянд.

Тавре муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ Шодихон Ҷамшед зикр намуд, баргузории Форуми  мазкур  имкон медиҳад, ки ҷараёни татбиқи «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» ва баҳодиҳии таъсири Барномаи миллии мазкур ба ҳаёти одамони дорои маъюбият ва  оилаҳои онҳо баррасӣ гардад.

«Форум чорабиние мешавад, ки ба пешбурди масъалаҳои маъюбӣ ва ташкили майдони муҳокима бо иштироки намояндагони сатҳи баланди Ҳукумат, иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳрвандӣ, муассисаҳои махсуси Созмони Миллали Мутттаҳид, Ташкилотҳои ҷамъиятии байналмилалӣ ва маҳаллӣ, дигар шарикони рушд, ҳамчунин  васоити ахбори омма мусоидат хоҳад кард. Он ҳамчунин ба пешбурди фаъолият, шарикӣ, омори соҳа ҷиҳати таъмини тағйиротҳои дарозмуддат барои шахсони дорои маъюбият дар Тоҷикистон ва мусоидат ба татбиқи Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои маъюбон ва ноил гардидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор барои шахсони дорои маъюбият дар мутобиқат бо «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон  барои солҳои то 2030» равона гардидааст. Ҳамчунин баргузории Форум имкон медиҳад, ки  рушди фарогирии умумӣ ба хизматҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ гардад»,- афзуд Ш. Ҷамшед.

Бояд  илова  намуд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» қабул гардид, ки он дурнамо ва нақшаи амалро нисбат ба  ҳуқуқҳои маъюбон, дастрасӣ ба хизматҳои сифатноки вобаста ба тавонбахшӣ ва воситаҳои ёрирасон таъмин намуда, фарогирии умумиро ба хизматҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ то соли 2020 дастрас мегардонад.

Ҳамчунин бо ташаббуси бевоситаи Роҳбари давлат дар оғози соли 2018  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид  оид ба ҳуқуқҳои маъюбонро ба имзо расонид.

Июнь 26, 2019 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон хизматчиёни давлатӣ ва кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Маҳкам Маҳмудзода: «Истиқлоли давлатӣ дастоварди волотарини давлати тоҷикон маҳсуб мешавад»
Дар вилояти Хатлон бо иштироки беш аз 50 ҳазор нафар роҳпаймоии идона доир шуд
Дар Бадахшон бахшида ба 35–солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти низомӣ ва роҳпаймоии оммавӣ доир гардид
Филми «Пешво аз қалби мардум» дар байни тамошобинон маҳбубияти зиёд пайдо намуд
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ЭҲЁИ ДАВЛАТСОЗИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Як зумра кормандони гуногункасб, хизматчиёни давлатӣ ва рӯзноманигорон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардиданд
Ҳамкории ҳизбӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақвият меёбад
Тоҷикистон бо қабули қонунҳои миллӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ намуна мебошад
НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Кормандони соҳаи телевизион ва радио бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд