Дар Душанбе вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария муҳокима гардиданд

Июнь 18, 2019 13:57

ДУШАНБЕ, 18.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Швейтсария муҳокима гардиданд. Масъалаҳои мазкур зимни мулоқоти ҳайатҳои гурӯҳи дӯстӣ  ва ҳамкории парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои миллии Конфедератсияи Швейтсария баррасӣ шуданд.

Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, зимни мулоқот муовини раиси кумитаи  Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Ҷамшед Саидзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Урс Шмид ва Директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон хонум Валбурга Рос аз ҳолати кунунии ҳамкории дуҷонибаи ду мамлакат ёдовар шуда, хоҳони густариши ҳарчи бештари онҳо гардиданд.

Зикр шуд, ки дар таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷонибаи мамлакатҳо саҳми Сарони ҳарду давлат бориз мебошад.

«Ҷонибҳо инчунин оид ба муносиботи ҳарду давлат дар самтҳои тиҷорату иқтисод, маориф, фарҳанг, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ ва  тандурустӣ мубодилаи афкор намуданд», — афзуд М. Султонов.

Июнь 18, 2019 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

1 сол пеш дар Душанбе ду иншооти муҳташам- бинои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба истифода дода шуд
Мавсума Муинӣ бо истеъдодҳои наврасу ҷавон вохӯрӣ доир намуд
Дар Душанбе масъалаи рушду таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ байни Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Дар Душанбе таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Олмон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 32-юми солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок дорад
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагон дар Форуми 20-уми СММ оид ба идоракунии интернет иштирок дорад
Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин бозёфт дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик мебошад
Барно Саидвализода: «Ваҳдати миллӣ – ин неъмати бузургу кафолати зиндагии шоистаро пойдор нигоҳ бидорем»
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ шуд