Дар хатсайрҳои автобуси №4, №13, №28, №29 ва №37 –и шаҳри Душанбе хизматрасонӣ тариқи кортҳои нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад
ДУШАНБЕ, 21.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шурӯъ аз 24 июни соли 2019 дар хатсайрҳои автобусии №4 (Терминали мусофирбарии «Шарқ-Транс» -ҶДММ«Маром), №13 (маҳаллаи Бунёдкорон-кӯчаи Гагарин), №28 (маҳаллаи Зарафшон-Маркази ташхиси техникӣ), №29 (Беморхонаи Қарияи боло-маҳаллаи Пахтакор), №37 (маҳаллаи Бунёдкорон-маҳаллаи Қарогегин) пардохти ҳаққи роҳкиро пурра тариқи кортҳои нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин амал бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон ба роҳ монда шудааст. Шаҳрвандон метавонанд кортҳои электронии роҳкироро аз терминалҳо ва нуқтаҳои фурӯши маҷаллаву рӯзномаҳо дастрас намоянд.
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 1 апрели соли 2018 дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе — автобусу троллейбус пардохти роҳкиро пурра ба шакли ғайринақдӣ роҳандозӣ карда шудааст.








Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад






