Дар Ҳисор гузаронидани ҳашарҳои дастҷамъона ба ҳукми анъана даромадааст

Июнь 4, 2019 08:11

ДУШАНБЕ, 04.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ дар ҳудуди шаҳри Ҳисор  вусъати тоза  касб кардааст.

Дар ин росто ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат  дар тамоми маҳаллаҳои шаҳри Ҳисор  гузаронидани ҳашарҳои дастҷамъона ба ҳукми анъана даромадааст. Дар рӯзҳои истироҳатӣ  сокинони деҳаву маҳаллаҳо ба ҳашар баромада, барои  тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбон ва маҳали зисти худ корҳои назаррасро ба анҷом  мерасонанд.

Аз ҷумла, дар шоҳроҳи Душанбе – Турсунзода  чунин ҳашари дастаҷамона   гузаронида шуда, дар заминҳои шафати роҳи мазкур  гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуданд. Сокинони  талош  доранд, ки ҳар ваҷаб заминро   самаранок истифода  баранд. Сокинони шаҳр  азм доранд, ки сарзамини аҷдодии худро чун макони сайру сайёҳат ва дорои беҳтарин  манзараҳои табиат ба сайёҳону меҳмонон   муаррифӣ намоянд.

Июнь 4, 2019 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд