Дар Қоҳира ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор шуд

Июнь 28, 2019 15:44

ДУШАНБЕ, 28.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. 26 июни  соли равон дар толори меҳмонхонаи байналмилалии «ScoutInternational»-и шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Арабии Миср ба муносибати 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши илмӣ –фарҳангӣ  баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ҳайати корпуси дипломатӣ, меҳмонони хориҷӣ, аҳли илму фарҳанг, устодони донишгоҳҳои Миср ва шаҳрвандони муқими кишвари иқомат иштирок намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ҷамъияти тоҷикони Миср хабар медиҳад.

Ҳамоиши илмӣ –фарҳангӣ  бо  садои Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Сипас муовини Раиси Ҷамъияти тоҷикони Миср Абдулҳамиди Муҳаммадамин меҳмонони маҳфилро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, дар бораи моҳият ва арзишҳои волои ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ изҳори андеша кард.

Кордори муваққатии  Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Миср  аз    таърих ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноилшавии ин дастоварди муҳими  мамлакат  ёдоварӣ намуд. Номбурда,  аз ҷумла таъкид кард, ки барои  Тоҷикистон расидан ба сулҳ кори басо душвор ва ниҳоят мураккаб буд.

«Имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ  дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ, ки  он аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон идома ёфтанд, муяссар гардид. Ҳамчунин барои амалӣ намудани ҳадафҳои сулҳ 9 давраи музокирот, 6 вохӯрии сарон ва 21 маротиба музокирот анҷом дода шуд, ки дар натиҷа 40 ҳуҷҷати тақдирсоз ба имзо расид»,- афзуд ӯ.

Устоди забони форсӣ-тоҷикии Донишгоҳи «Канали Суэс»-и Миср ва дасхатшиноси хати форсӣ-тоҷикӣ доктор Рифъат Ҳусейн суханронии хешро бо забони тоҷикӣ оғоз намуда, Тоҷикистонро ватани дуюми хеш номид. Ӯ ба ҳозирин аз эҷодиёти шоирони   тоҷик мисраҳо қироат карда, дар бораи таассуроти сафараш ба Тоҷикистон ва табиати зебои он   нақлҳои ҷолиб  намуд.

Номбурда таъкид сохт, ки Ҷумҳури Тоҷикистон бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои тоҷикон   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи кӯтоҳ тавонист бо равиши хосси дипломатияи худ, ки дар асоси ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, бо кишварҳои олам робитаи дӯстона барқарор сохта, Тоҷикистонро ҳамчун як давлати  фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ муррифӣ намояд.

Доктор Р. Ҳусейн зикр кард, ки бидуни иттиҳод ва ваҳдати миллӣ, амну суботи сиёсӣ ва оромиши иҷтимоӣ дар ҷомеа имконпазир нахоҳад буд. Имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҳалли мусолиматомези низоъҳо ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам аз нигоҳи амалӣ ба сарвати илми сиёсатшиносии ҷаҳонӣ мубаддал ёфтааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ғайр аз ин ки роҳро барои пешрафти минбаъдаи мамлакат  равшан кард, аҳамияти байналмилалӣ низ дорад ва он метавонад ҷиҳати ҳалли мушкилоти кишварҳои гуногун мавриди истифода қарор гирад.

Раиси Ҷамъияти тоҷикони Миср Абдураҳмон Оқилзода  аз суханронии  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати  таҷлили  Рӯзи  Ваҳдати миллӣ иқтибос оварда, тазаккур дод, ки «ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад».

Раиси ҷамъият таъкид дошт, ки таълимоти дини Ислом ҳамеша ба сулҳу суботи ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва ҳамгироӣ даъват намуда, амалҳои зишти тафриқаангезӣ, ҷудоихоҳӣ, хунрезӣ, ифротгароӣ ва хиёнаткориро маҳкум месозад. Мутаассифона имрӯзҳо ташкилотҳои террористии ба монанди «ДИИШ», «Ал-Қоида», «Ихвонулмуслимин» ва «Ҳизби наҳзати исломӣ» аз номи поки дини Ислом суйистифода намуда, ба қатлу куштор ва ранҷу озори мусулмонон машғуланд.


Ӯ аз ҳамватанон даъват ба амал овард, ки дар пешрафт ва гулгулшукуфоии  мамлакати  азизамон саҳми босазо гузошта, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба ҳар дасисаву иғвоҳои гурӯҳҳои манфиатҷӯ дода нашаванд.

Ҳамчунин дар рафти ҳамоиши мазкур филмҳои мустанад дар бораи Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ва инчунин аксҳои Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шурои Олӣ Тоҷикистон ва дигар аксу шиорҳои вобаста ба Ваҳдати миллӣ дар шакли суратлавҳа ба намоиш гузошта шуданд.

Ҳамчунин доир ба бузургдошти Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар воситаҳои ахбори оммаи Миср мақолаҳо бознашр гардиданд.

Июнь 28, 2019 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қазоқистон шабонарӯзи гузашта 2661 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд
Ӯ 94 СОЛ ДОШТ. Собиқ президенти Филиппин Фидел Валдес Рамос аз олам даргузашт
Шветсия аз 1 сентябр ҳаракати велосипедҳои барқиро дар роҳҳои пиёдагард манъ мекунад
Зиёда аз 300 шаҳрванди хориҷиро аз Қазоқистон ихроҷ намуданд
Теъдоди қурбониёни селу обхезӣ дар Покистон ба 312 нафар расид
Дар Кувайт сарвазири нав таъйин намуданд
ДРАУПАДИ МУРМУ ПРЕЗИДЕНТИ НАВИ ҲИНДУСТОН ИНТИХОБ ГАРДИД. Вай 18 июл дар интихоботи президентӣ бештари овозҳоро ба даст овард
Дар мубориза барои курсии сарвазири Британия ду номзад боқӣ мондаанд
Дар Ҳиндустон интихоботи президентӣ оғоз гардид
Номзадҳо ба мақоми президенти Шри-Ланка 19 июл муаррифӣ мешаванд
ЭҲТИЁТ ШАВЕД! ДАР АФҒОНИСТОН ВАБО АВҶ МЕГИРАД. Дар як шабонарўз дар ду вилоят наздик ба 40 нафар фавтиданд
Президенти Ангола Хосе Эдуарду Душ Сантуш аз олам даргузашт

Маводҳои таҳлилӣ