ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар шаҳри Гулистон сохтмони маҷмааи нави истироҳатию сайёҳӣ идома дорад

Июнь 7, 2019 12:17

ДУШАНБЕ, 07.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат сохтмони иншооти таъйиноти гуногун бомаром идома дорад. Аз  ҷумла, дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд барои истироҳату табобати сокинон, меҳмонон ва сайёҳон маҷмааи нави истироҳатию сайёҳӣ бунёд гардида истодааст.

Тавре аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дирӯз Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Гулистон боздид намуда, бо рафти корҳои ободонию созандагӣ шинос гардид. Аз ҷумла, зимни шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар маҷмааи нави истироҳатию сайёҳӣ, иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди ин иншоот барои фароғати истироҳаткунандагон ҳавзи шиноварӣ ва дигар шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Айни замон беш аз 300 нафар ба корҳои сохтмонии он ҷалб гардида, ҷиҳати ба итмом расонидани сохтмони ошёнаи панҷуми бино корҳо идома доранд.

Раиси вилоят бунёди маҷмааи наву замонавиро ҷиҳати ҷалби бештари гардишгарон ва муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, ба масъулин дастур дод, ки барои дар муҳлати пешбинишуда ба истифода додани иншоот тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар идомаи боздид Р.Аҳмадзода бо фаъолияти ҶДММ «Моҳии Суғд» шинос шуда, аз сардхонаҳои  ин ҷамъият дидан намуд. Бояд гуфт, ки зимни боздиди қаблӣ Раиси вилоят аз фаъолияти сусти ин ҷамъият изҳори нигаронӣ карда, барои таъмиру навсозии сардхонаҳо супоришҳои мушаххас  дода буд.

Роҳбарияти ҷамъият баҳри рафъи камбудиҳо дар муддати кӯтоҳ ду сардхонаро аз таъмир баровард, ки дар онҳо метавон 300 тонна моҳиро захира кард.

Ёдовар бояд шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ» қабул ва дар амал татбиқ  мегардад. Ҷиҳати иҷрои барномаи давлатӣ дар вилояти Суғд тадбирҳои муассир андешида шуда, дар дарёву обанборҳои вилоят садҳо ҳазор моҳиҳои навъи карп, пешонағафси сафеду ало, амури сафед, суфамоҳӣ, нуқрамоҳӣ, шофмоҳӣ, жерех ва ғайраҳо парвариш карда мешаванд.

Июнь 7, 2019 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд