Дар Ваҳдат ҷавононро аз мақсадҳои ғаразноки ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ огоҳ намуданд
ВАҲДАТ, 04.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат бо иштироки намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ва омӯзгорону донишҷӯён ҳамоиши васеъ таҳти шиори «Терроризм ва ифротгароӣ ҷиддитарин проблемаи инсоният» баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур бо мақсади татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 ва пешгирии шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ роҳандозӣ гардид.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» муовини директори коллеҷи мазкур Шоира Абдураҳимова иттилоъ дод, дар ҳамоиш масъулин ба донишҷӯён дар мавзӯъҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ, изҳори пушаймонии нафароне, ки дар ҷангҳои Ховари Миёна иштирок кардаанд, хатари терроризм ва экстремизм ба амнияти Тоҷикистон ва ҷаҳон, таҳти назорат қарор додани рафтуомади муҳоҷирони меҳнатии мавсимӣ, ҳамчунин дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, таҳкими ваҳдату якдилӣ, иҷрои корҳои ободонию созандагӣ дар чаҳорчӯби таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ тарбия намудани фарзандон ибрози назар намуданд.
Баромадкунандагон зикр карданд, ки ба қадри сулҳу оромии Тоҷикистон бояд бирасем ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Ҳамин сулҳу субот аст, ки сол ба сол мамлакати мо рушд меёбад ва ба мардум зиндагии арзандаву шоиста насиб мегардад. Шукри Ваҳдати миллӣ, ки имрӯз мардуми Тоҷикистон ба созандагию ободкорӣ машғул буда, барои ояндаи дурахшони Ватан заҳмат мекашанд.
Таъкид гардид, ки имрӯз мо тавассути оинаи нилгун ва дигар расонаҳои хабарӣ мебинему мехонем, ки дар давлатҳои ҷангзада чӣ қадар кӯдакон ҳалок гардида, ранҷу азоб доранд. Ин ҳама бадбахтиву даҳшатро ба сари ин кӯдакони масъум ана ҳамин аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ овардаанд.
«Аз ин рӯ, кӯшиш намоем, ки наврасону ҷавонон ба доми ин ашхоси ҷангҷӯ ва сияҳкор наафтанд. Ҳар амали фарзандонро бояд таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳем ва наврасону ҷавононро аз мақсадҳои ғаразноки ин гурӯҳҳои ҷангҷӯ воқиф намоем. Ба илмомӯзии фарзандон бештар аҳамият диҳем, нагузорем, ки онҳо вақти худро беҳуда сарф намоянд», — хулоса карданд иштирокдорони ҳамоиш.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони сарбаланди ноҳияи Вахш бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар рӯзи якум иҷро гардид
Дар Фархор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иҷро гардид
Ноҳияи Данғара нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум иҷро намуд
Дар ноҳияи Айнӣ ҳамоиши ботантанаи гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаи даъват ба сафи Артиши миллиро 100 фоиз иҷро намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар Норак дар рӯзи якум иҷро шуд
РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДӢ. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин шуда, нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллиро 101 фоиз иҷро намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Қазон ҷаласаи 24-уми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони сарбаланди ноҳияи Вахш бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар шаҳри Гулистон нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро шуд






