Дар Ваҳдат ҷавононро аз мақсадҳои ғаразноки ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ огоҳ намуданд

Июнь 4, 2019 09:26

ВАҲДАТ, 04.06.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Дар Коллеҷи тиббии  шаҳри Ваҳдат бо иштироки намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ва  омӯзгорону донишҷӯён ҳамоиши васеъ таҳти  шиори «Терроризм ва ифротгароӣ ҷиддитарин проблемаи инсоният» баргузор гардид.  Ҳамоиши мазкур бо мақсади  татбиқи Стратегияи  миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  муқовимат  ба  экстремизм  ва  терроризм  барои  солҳои  2016-2020 ва   пешгирии шомил  гардидани   ҷавонон ба ҳизбу  ҳаракатҳои  ифротӣ роҳандозӣ гардид.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» муовини директори коллеҷи мазкур Шоира Абдураҳимова иттилоъ дод,  дар ҳамоиш масъулин ба донишҷӯён дар мавзӯъҳои  шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ, изҳори пушаймонии нафароне, ки дар ҷангҳои Ховари Миёна иштирок кардаанд, хатари терроризм ва экстремизм ба амнияти Тоҷикистон ва ҷаҳон, таҳти назорат қарор додани рафтуомади муҳоҷирони меҳнатии мавсимӣ, ҳамчунин дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, таҳкими ваҳдату якдилӣ, иҷрои корҳои ободонию созандагӣ дар чаҳорчӯби таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ тарбия намудани фарзандон ибрози назар намуданд.

Баромадкунандагон  зикр карданд, ки ба қадри сулҳу оромии Тоҷикистон бояд бирасем ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Ҳамин сулҳу субот аст, ки сол ба сол  мамлакати мо рушд меёбад ва ба мардум  зиндагии арзандаву шоиста   насиб мегардад. Шукри Ваҳдати миллӣ, ки имрӯз мардуми Тоҷикистон ба созандагию ободкорӣ машғул буда,  барои  ояндаи дурахшони Ватан заҳмат мекашанд.

Таъкид гардид, ки имрӯз мо тавассути оинаи нилгун ва дигар расонаҳои хабарӣ мебинему мехонем, ки дар давлатҳои ҷангзада чӣ қадар кӯдакон ҳалок гардида, ранҷу  азоб  доранд. Ин ҳама бадбахтиву даҳшатро ба сари ин кӯдакони масъум  ана ҳамин  аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ овардаанд.

«Аз ин рӯ, кӯшиш намоем, ки наврасону ҷавонон ба доми ин ашхоси ҷангҷӯ ва сияҳкор наафтанд. Ҳар амали фарзандонро бояд таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳем ва наврасону ҷавононро аз мақсадҳои ғаразноки  ин  гурӯҳҳои ҷангҷӯ воқиф намоем. Ба илмомӯзии фарзандон бештар аҳамият диҳем, нагузорем, ки онҳо вақти худро беҳуда сарф намоянд», — хулоса карданд иштирокдорони ҳамоиш.

Июнь 4, 2019 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст