ФУТБОЛ: бозии дуюми дӯстонаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон бе натиҷа анҷом ёфт

Июнь 12, 2019 08:35

ДУШАНБЕ, 12.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар шаҳри Гуанчжоуи Чин бозии дӯстонаи  дастаҳои мунтахаби футболи  Тоҷикистон ва Чин баргузор шуд.

Рақобати дӯстонаи  футболозони  тоҷику чинӣ  бо ҳисоби минималии 1:0 ба суди мизбонон хотима ёфт.

Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ягона голи ин вохӯриро  Янг Ху дар дақиқаи 10-ум ба ҳадаф расонида, пирӯзии дастаи мунтахаби Чинро дар ин дидор таъмин кард.

Хотирасон  мешавем, ки 7 июни соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Афғонистон бо иштироки 13 ҳазору 500 мухлис баргузор шуд. Вохӯрии тимҳои мазкур ҷолибу пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.

Ёдовар мешавем, ки ин бозиҳои дӯстона як марҳилаи омодагии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Чемпионати ҷаҳон — 2022 ба шумор меравад.

Июнь 12, 2019 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад