ФУТБОЛ: бозии дуюми дӯстонаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон бе натиҷа анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 12.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар шаҳри Гуанчжоуи Чин бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Чин баргузор шуд.
Рақобати дӯстонаи футболозони тоҷику чинӣ бо ҳисоби минималии 1:0 ба суди мизбонон хотима ёфт.
Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ягона голи ин вохӯриро Янг Ху дар дақиқаи 10-ум ба ҳадаф расонида, пирӯзии дастаи мунтахаби Чинро дар ин дидор таъмин кард.
Хотирасон мешавем, ки 7 июни соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Афғонистон бо иштироки 13 ҳазору 500 мухлис баргузор шуд. Вохӯрии тимҳои мазкур ҷолибу пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.
Ёдовар мешавем, ки ин бозиҳои дӯстона як марҳилаи омодагии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Чемпионати ҷаҳон — 2022 ба шумор меравад.








Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 ба муқобили дастаи Тимори Шарқӣ муайян гардид
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Варзишгарони тоҷик дар 6-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ-2025 соҳиби шаш медал гардиданд
Пагоҳ дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба шоҳмот оғоз мегардад
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳӣ 6-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ
ҶОМИ ҶАҲОН-2025. Имрӯз дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар даври дуюм бо дастаи футболи ИМА бозӣ мекунад
Тоҷикистонро дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ 65 варзишгар намояндагӣ мекунанд
ҶОМИ ҶАҲОН-2025. Имрӯз дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) нахустин бозии худро мегузаронад
Дар Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе майдончаи варзишии футбол ифтитоҳ гардид
Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо иштирокдорони шашумин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ-2025 вохӯрӣ доир гардид
«Истиқлол»-и шаҳри Душанбе барои бозӣ бо дастаи футболи «Ал-Завра»-и Ироқ ба шаҳри Бағдод сафар кард






