«ГАРМИҲО ПАС АЗ САРДИҲО МЕОЯНД…». Сафири Тоҷикистон дар Эрон роҷеъ ба сафари қарибулвуқӯи Президенти ҶИЭ ба Душанбе

Июнь 14, 2019 08:20

ДУШАНБЕ, 14.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ сафари қарибулвуқӯи президенти ҶИЭ Ҳасани Рӯҳониро ба Душанбе сафҳае нав ва гармибахш дар муносиботи миёни ду кишвар донист, навиштааст 12 июни соли  2019 хабаргузории «ParsToday».

Хабаргузорӣ бо истинод ба гузориши радиои тоҷикии «Садои Хуросон» иттилоъ додааст, ки  Низомиддин Зоҳидӣ пеш аз зӯҳри чаҳоршанбе, 12 июн, дар нишасти хабарӣ дар остонаи баргузории панҷумин Ҳамоиши сарони кишварҳои узви конфронси Таомул ва эътимодсозӣ дар Осиё (СИКО) гуфт, ин иҷлос рӯзҳои 14 ва 15 –уми июн дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ва бо ҳузури роҳбарони 15 кишвари узв баргузор мешавад ва Ҳасани Рӯҳонӣ, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам дар он ширкат мекунад.

Зоҳидӣ дар бораи таъсири сафари Ҳасани Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон дар тавсеаи равобити дуҷонибаи Теҳрон ва Душанбе гуфт: «Эътимоди комил дорем, ки сафари оқои Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон метавонад сафҳае нав ва гармибахш дар муносиботи ду кишвар боз кунад. Гармиҳо баъд аз сардиҳо меоянд ва ду тараф тасмим гирифтаанд сардиҳоро рафъ ва дар муносиботи дуҷониба марҳалаи ҷадид оғоз  намоянд».

«ParsToday» дар идома навиштааст, ки сафири Тоҷикистон, ки ба тозагӣ фаъолияти худро дар Теҳрон оғоз кардааст, авлавияти кории худро тавсеаи бештари ҳамкориҳои ду кишвар унвон кард ва гуфт: «Ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар ҳамакунун низ идома доранд ва бисёре аз ширкатҳои эронӣ дар эҳдоси нерӯгоҳҳои энержӣ дар Тоҷикистон ҳузур доранд. Илова бар ин дар назар дорем равобити фарҳангӣ миёни ду кишвар, ки таърихӣ аст, дар сатҳи шаъни ду кишвар иртиқо ёбад”.

Дипломати тоҷик бо ишора ба ҳамкориҳои ду кишвар дар самти  сайёҳӣ изҳор дошт: «Солҳои 2019 -2021  аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои  рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълом шудаанд ва дар ин чорчӯб метавон бо ширкатҳои  саайёҳии  эронӣ равобити хубе  барқарор намуд».

Июнь 14, 2019 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон бо Мудири кулли Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева мулоқот намуд
Дар Женева афзалият дар самти рушди устувори шаҳрҳо дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд