ИФРОТГАРОИИ ИТТИЛООТӢ ЧИСТ? Ин мавзӯъро сармутахассиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматулло Хоҷаев шарҳ медиҳад

Июнь 17, 2019 10:52

ДУШАНБЕ, 17.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Даҳсолаҳои охир рушди бесобиқа таблиғоти ифротгароӣ ва терроризм дар Интернет ба мушоҳида мерасад. Мутаассифона, ҷаҳони муосир хатари ин падидаро ба таври комил арзёбӣ накарда, чунин мешуморад, ки ҳамлаҳои бевоситаи террористӣ (инфиҷор, оташзанӣ, гаравгонгирӣ, қатли мансабдорон ва ғайра) таҳдиди ҷиддӣ ба ҷомеа мебошад. Таъсири иттилоотии бунёдгароёнаро дар радифи дуюм қарор медиҳанд ва онро дуюмдараҷа мешуморанд, зеро он ба таври ноаён таъсир мерасонад, ҳамчунин муайян кардани манбаи он номумкин аст. Дар ин бора таваҷҷуҳ кунед ба шарҳи сармутахассиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматулло ХОҶАЕВ.

Бо назардошти ин сабабҳо, ифротгароии иттилоотиро аксар вақт дар як радиф бо PR – технология, (тафаккури иҷтимоӣ) таблиғот ва дигар зуҳуроти таъсиррасонии суханӣ ба мардум қарор медиҳанд. Дар асл, ифротгароии иттилоотӣ бо падидаи таъсири суханӣ доштан маҳдуд намешавад, балки дар худ ҳамчунин дигар ҷанбаҳои ифротгароиро ниҳон дорад.

Дар ин иртибот суолҳои мантиқӣ ба миён меоянд: ифротгароӣ чисту таъсири нутқӣ чист? Чӣ гуна ин ду категория дар як мафҳуми умумӣ – ифротгароии иттилоотӣ пайванд мегиранд. Ифротгароии иттилоотӣ акнун неру мегирад.

Терроризми иттилоотӣ — шакли таъсиррасонии номатлуб ба шахсият, ҷомеа ва давлат бо кумаки тамоми намудҳои иттилоот мебошад. Ҳадафи асосии он заиф ва вайрон кардани сохти конститутсионӣ мебошад. Ба ин мақсад онҳо неруҳо ва воситаҳои гуногун – аз агентҳои хадамоти махсуси хориҷӣ то ВАО – и ватанӣ хориҷиро ҷалб мекунанд.

Имрӯз проблемаи ифротгароии иттилоотӣ ба арзишҳои ҷомеа махсусан ҳассос аст. Ин ба он хотир аст, ки марҳалаи кунунии рушди муносибатҳои иттилоотӣ бо имкониятҳои таъсироти иттилоотӣ, ҳам ба шуури инфиродӣ ва ҳам ба тафаккури иҷтимоию иқтисодӣ муайян карда мешавад, ки метавонад таҳдиди барангехтани ҷанги иттилоотиро ба вуҷуд оварад. Дар натиҷа, мушкилоти  амнияти иттилоотӣ дар радифи аввал қарор мегирад ва ба муқобилаи ногузири озодии иттилоот табдил мегардад.

Гурӯҳҳои ифротӣ соҳаҳои нав ба нави фазои иттилоотиро фаро гирифта, дар ниҳоят, ба оммаи васеъ муқаррароти аксиологии худро бомуваффақият талқин мекунанд. Зимни натиҷагирӣ, метавон таъкид кард, ки ифротгароии иттилоотӣ зинаи омодагӣ барои намудҳои дигари ифротгароӣ мебошад. Он муҳити мусоидро барои паҳншавӣ ва қабули идея ва идеалҳои ифротӣ шакл медиҳад.

Чун натиҷаи ин – механизмҳои таъсироти нутқи имкониятҳои номаҳдудро барои таъсиргузорӣ ба рушди ҷомеа боз мекунанд. Яъне, ифротгароии иттилоотӣ аксаран зуҳури шумораи зиёди ифротиҳои бетаҷриба (неопытный) – ро таҳрик менамояд. Пеш вақти омодагии махсус, имконияти дарёфти аслиҳа ва дониши зарурӣ лозим буд, ифротгароӣ на танҳо хоҳиш ба амал ва ангезаи он, балки имконияти воқеии амалӣ намудани ин хоҳиш низ буд.

Ба ақидаи  банда дар насли ҷавони имрӯза вобастагии зиёд аз интернет шакл мегирад. Аммо чун ҳар гуна падидаи иҷтимоӣ, он ҷанбаҳои  хеле манфӣ низ дорад. Ҷавонон ҳар чӣ бештар вақти худро дар назди телефон ва  компютер сипарӣ мекунанд ва ба ҷаҳони маҷозӣ нисбат ба воқеият афзалият мениҳанд ва бозиҳои гуногуни таблиғкунандаи зӯрию зӯровари  хушунат ба рӯҳияи ҷавонон таъсири ногувор мерасонанд.

Боз як натиҷаи паҳншавии ифротгароии иттилоотӣ тағйири худи сохтори гурӯҳҳои ифротӣ мебошад. Гурӯҳҳои ифротӣ бо риояи ҷиддии мартаба дар байни аъзои он, ки пеш дар як гурӯҳ шомил буданд, имрўз аз ҳисоби рушди воситаҳои алоқа шакли роҳбарии шабакаиро ба кор мебаранд. Ин маънои онро дорад, ки имрӯз гурӯҳҳои ифротӣ фақат як пешвои харизматӣ надоранд, ки идеология ва стратегияи худро ба тамоми гурӯҳ таҳмил намоянд. Ҳоло дар худи як гурӯҳ чанд пешвоён ҳастанд. Ҳар кадоми онҳо сарчашмҳои маблағгузории худро доранд ва онҳо дар қаламрави калон паҳн шудаанд.

Имконияти пешбинӣ ва муқобила кардан бо чунин гурӯҳҳои ифротӣ ба маротиб коҳиш ёфтааст. Аз ҷониби дигар, ба вуҷуд омадан ва густариши шабакаи мазкур ҳар гуна гурӯҳи ифротиро барои анҷоми ҳамла осебпазир месозад. Ин то андозае вазифаи сохторҳои зиддиифротиро осон менамояд, ки амали худро ба тахриби алоқа байни ҳалқаҳои гурӯҳҳои ифротӣ равона мекунанд.

Дар интернет ва шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ бе зикри ном дар як лаҳза иттилооти мухталиф паҳн мешавад. Даҳҳо ҳазор интернет – сайт ва вебпорталҳои амалкунанда имрӯз мавриди истифодаи террористону ифротиён қарор доранд. Аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ онҳо тарафдорони навро ҷалб карда, ғояҳои бунёдгароиро таблиғ менамоянд.

Имрӯз дар таркиби ташкилотҳои байналмиллалии террористӣ интернет – хадамоти комили касбӣ фаъолона кор мекунад ва ҳудуду имкониятҳои он хеле вусъат ёфтааст. Бо кӯмаки интернет–манбаъҳо имрӯз маъракаҳои иттилоотӣ барои дастгирии гурӯҳҳои гуногуни терорристӣ роҳандозӣ гардида, ҷараёни амалиёти террористӣ ба нақша кашида мешавад ва иттилооти муфассал дар бораи ҳадафҳо ва объектҳои ҳамла ҷамъоварӣ карда мешавад.

Террористон дар интернет воситаҳои пардохти электронии маблағ ва дигар системаҳоро васеъ истифода мебаранд. Воситаи асосӣ барои даъват, муроҷиат ва интиқоли навору дискҳои видеоӣ ва аудиои онҳо низ интернет мебошад. Дар маҳсулоти мазкури интернетӣ иттилоот дар бораи  амали террористӣ дар шароити мухталиф, дастурамал барои таҳияи дастгоҳҳои худсохти мунфаҷира ва шумораи зиёди видео дар бораи «қаҳрамониҳои» терррористон гунҷонида мешаванд.

Терроризм дар интернет падидаи динамикӣ ва бисёрҷониба мебошад. Саъю талоши давлатҳо барои мониторинг ва аз байн бурдани сайтҳои ҷараёнҳои ифротӣ ва террористӣ на ҳама вақт самарабахш аст. Интернет – манбаъҳо ва вебпорталҳои ташкилотҳои террористӣ  шакли худро тағйир медиҳанд, кӯшиш мекунанд таҳти мазмуни дигар пинҳон шаванд, доменҳои навро таъсис медиҳанд, хостинги кишварҳои гуногунро истифода мебаранд. Дар ин зимн онҳо аз озодии сухан сӯъиистифода бурда, онро васеъ ба кор мебаранд. Таҷриба нишон медиҳад, ки аз байн бурдани сайтҳои террористӣ мушкил аст, чунки онҳо провайдерҳои хориҷиро истифода мебаранд. Дар натиҷа як давлат наметавонад ба бастани сайти ғайриқонунӣ дар давлати дигар муваффақ шавад. Тафовут дар қонунгузории миллӣ низ монеаи ҷиддӣ дар ин роҳ аст. Чунин суратгирифтани кор шаҳодат медиҳад, ки имрӯз проблемаи терроризм дар интернет ба як мавзӯи асосию мубрам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Имрӯз дар ҷаҳон бештар аз ҳама ду намуди асосии истифодаи шабакаи ҷаҳонии интернет ба ҳадафҳои террористӣ ривоҷ ёфтааст:

-терроризми иттилоотию – равонӣ, ки моҳияти он аз истифодаи интернет ба мақсадҳои тарсонидани аҳолӣ ва паҳнкунии иттилооти дурӯғин, намоиши қудрати ташкилотҳои террористӣ ва таблиғи идеологияи террористӣ иборат аст. Ба воситаи интернет ташкилотҳои байналмилалии террористӣ таблиғи ақидаҳои бунёдгароии таҳрифшудаи ҷиҳод ва мубориза бо кофаронро таблиғ мекунанд, идеяҳои ифротгароӣ ва терроризмро таҳти пӯшиши динӣ паҳн мекунанд. Дар сурате, ки гурӯҳҳои динии дурӯғин пайравони худро дар рӯҳияи садоқати мутаассибона ва нотаҳаммулӣ ба дигар динҳо тарбия мекунанд, ксенофобия таблиғ карда мешавад. Ба воситаи интернет — манбаъҳо сиёсати террори иттилоотии миқёсан васеъ роҳандозӣ шуда, саҳнаҳои қатлу куштор ва шиканҷаи одамон ба намоиш гузошта мешавад;

— терроризми иттилоотӣ – техникӣ ё кибертерроризм, ки моҳияти он аз тахриби низоми идоракунии соҳаҳои гуногуни ҳаёт ва ворид кардани осеб ба муҳити иттилоотии давлатҳо иборат мебошад. Дар айни замон, кибертерроризм имрӯз аз он ҷиҳат махсусан хатарнок аст, ки дар сурати аз байн рафтани системи таъмини ҳаётии аҳолӣ, ба талафоти азими инсонӣ оварда мерасонад.

Дар марҳилаи кунунӣ ҳашт усули гуногун ва қисман мутобиқ бо якдигари шабакаи террористӣ дар интернет муайян  карда шудааст:

Ҷанги равонӣ – дар интернет барои паҳн кардани иттилооти дурӯғин, таҳдид, барангехтани тарсу ҳарос, эҳсоси нотавонӣ, тасвири амали даҳшатовари худ истифода бурда мешавад.

Реклама ва таблиғот – интернет имконияти террористонро барои ошкор ва таблиғ кардани фаъолияти худ тавсеа дод. То ин вақт умеди террористон барои ошкор шудани амали онҳо аз ҷалби таваҷҷуҳи телевизион, радио ва дигар ВАО вобаста буд.

Ҷамъоварии маълумот – интернетро метавон чун китобхонаи азими рақамӣ баррасӣ намуд. Фақат «Торнамои умумиҷаҳонӣ» тақрибан миллиард саҳифа иттилоотро пешниҳод карда метавонад, ки бисёрии он озодона дастрас ва барои ташкилотҳои террористӣ «ҷолиб» аст. Аз интернет террористон метавонанд иттилооти муфассалро дар бораи ҳадафҳо – масалан, дар бораи зерсохтори нақлиётӣ, неругоҳҳои барқи атомӣ, иморатҳои ҷамъиятӣ, фурӯдгоҳҳо, бандарҳо ва ҳатто иттилоот дар бораи тадбирҳои зиддитеррористиро ба даст оваранд.

Ҷамъоварии маблағ – мисли дигар созмонҳои сиёсӣ, гурӯҳҳои террористӣ  интернетро барои такмили фондҳои худ истифода мебаранд.

Ҷалб ва сафарбаркунӣ – интернетро террористон на танҳо барои тақозои «хайрот» аз хайрхоҳони худ, балки барои ҷалб ва сафарбаркунии тарафдорон, ки нақши ҳар чи фаъолтарро дар дастгирии амали террористӣ  бозӣ  мекунанд, истифода  мебаранд.

Таъсиси шабакаҳо – бисёр гурӯҳҳои террористӣ бо кумаки интернет имконият пайдо кардаанд бо якдигар ва бо дигар ташкилотҳои террористӣ алоқа барқарор намоянд. Технологияи муосири иртиботӣ махсусан компютерӣ, аз рӯи чанд сабаб воситаи таъсиси шабакаҳо ва дастгирии шабакаҳои террористӣ мебошад.

Ҳамин тариқ  метавон хулоса  кард, ки ифротгароии  иттилоотӣ  чун  падидаи  нави  технологӣ ба  амнияти  миллии кишварҳои алоҳида таъсири  манфӣ  мерасонад  ва  мубориза  бо  он тайёрии ҳамаҷонибаи  зеҳниву  техникиро  тақозо  мекунад.

Июнь 17, 2019 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Прокуратураи генералӣ дар ноҳияи Файзобод ҳолатҳои ғайриқонунӣ додан ва хариду фурӯши заминро ошкор намуд
Сел дар Панҷакент ба 48 гектар замин ва 22 манзили сокинон зарар расонд
СММ омори риққатангези марги кӯдаконро дар Афғонистон расонаӣ кард
Тоҷикистон ҳамкориро бо Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ муҳим арзёбӣ намуд
Дар қароргоҳи СММ «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025» баррасӣ гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар СММ мулоқот кард
Тоҷикистон ва Дафтари зиддитеррористии СММ иқдомҳои муштарак оид ба мубориза бар зидди терроризмро баррасӣ намуданд
«ВАТАНПАРВАР». Маҳз чунин мусобиқот имкон медиҳанд, ки ҷавонон маҳорату малакаи ҳарбӣ-варзишии худро такмил диҳанд
Давоми 20 рӯз дар Тоҷикистон маъракаи даъвати ҳарбӣ ба қадри 50 фоиз таъмин шуд
ДАР РАМАЗОН ИНФИҶОР ВА…ЧАШМОНИ АШКБОР. Бар асари ду таркиш дар Кобул беш аз 20 нафар мактаббачагон ҷон бохтанд
Дар Қазоқистон машқҳои Низоми муштараки мудофиаи зиддиҳавоии ИДМ баргузор шуданд
Саидиброҳимови дар ҷустуҷӯбуда бо худиқрорӣ ба мақомоти милитсия ҳозир гардид