Имрӯз дар назди Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷаласаи васеи корӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 08.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар назди Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода бо иштироки муовинони раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ҷаласаи васеи корӣ доир гардид.
Дар ҷаласа Абдуҷаббор Раҳмонзода доир ба иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, омодагӣ ба истиқболи сазовори 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар маъракаҳову чорабиниҳои сатҳи давлативу ҷумҳуриявӣ суханронӣ намуд.
Зимни суханронии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таваҷҷуҳи хос ба ҷамъбасти чорабинињои муҳимми бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълонгардида, махсусан озмунҳои «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ…», «Фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021», бунёди иншооти таъйиноти гуногун дар шаҳру деҳот аз қабили ҳаммому сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, майдончаҳои варзишӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, мактабҳо, беҳтар гардонидани вазъи мактаб-интернатҳо, таъсиси ҷойҳои кории нав, расму оини мардумӣ ва зарурати танзими онҳо, гиромидошти забони давлатӣ ва дигар муқаддасоти миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ, зиёни хурофот ва бегонапарастӣ ва ғайра зоҳир гардид.
«ВАО, аз ҷумла телевизион ва радио, чорабиниҳои муҳими сатҳи давлатӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявиро ба таври густурда ва саривақтӣ инъикос намоянд, то мардум аз мақсади баргузорӣ ва моҳияти онҳо бохабар бошанд», — таъкид дошт А. Раҳмонзода.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ба масъулин таъкид намуд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар самтҳои болозикр чораҳои мушаххас ва таъхирнопазир андешанд.








Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид






