«КӮДАКОН НАБОЯД ДАР САҲРО КОР КУНАНД, ОНҲО БОЯД РӮЙИ ОРЗӮҲОИ ХУД АМАЛ НАМОЯНД!». Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдак мизи мудаввар доир гардид
ДУШАНБЕ, 13.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. 12 июн соли ҷорӣ, дар Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдак, дар Душанбе бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ мизи мудаввар баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Созмони Милали Муттаҳид 12 июнро Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдак таъйин намудааст ва дар саросари дунё онро бо доир кардани тадобири иттилоотӣ таҷлил менамояд. Ҳар сол аз ҷониби Ташкилоти байналмилалии меҳнат вобаста ба ин сана мавзӯи асосӣ интихоб мегардад. Вазъи имрӯзаи ҳассоси ҳаёти ҷомеаро ба инобат гирифта, шиори соли 2019 «Кӯдакон набояд дар саҳро кор кунанд, онҳо бояд рӯйи орзӯҳои худ амал намоянд» эълон гардидааст.
Дар мизи мудаввар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Ҳабибулозода иштирок ва дар мавзӯи меҳнати кӯдак суханронӣ намуд.
Зимни суханронӣ ёдоварӣ карда шуд, ки ҳар як кӯдак ҳуқуқ дорад аз истисмори иқтисодӣ, аз иҷрои ҳар коре, ки ба саломатии ӯ, ба инкишофи ҷисмонӣ, ақлонӣ, маънавӣ ва ахлоқии ӯ зарар мерасонад ё садди роҳи таҳсилоти ӯ мегардад, ҳимоя шавад. Ин муқаррароти Конвенсияи СММ оид ҳуқуқҳои кӯдак аз давлатҳои иштирокчӣ андешидани чораҳои зарурии ҳуқуқӣ, маъмурӣ ва ҳамчунин дар соҳаи таҳсилот андешидани тадбирҳои дахлдорро талаб менамояд.
Ҳамчунин ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ин меъёр муқаррар намудани ҳадди ақали синну соли кӯдакон барои ба кор қабул кардани онҳо, меъёри зарурии рӯзи кор ва шароити корӣ, инчунин барои татбиқи босамари ин меъёр пешбинӣ намудани ҷазои муносиб талаб карда мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии фаъоли ин санади муҳими байналмилалӣ ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро ба меҳнат кафолат дода, дар сатҳи Конститутсия муқаррар намудааст, ки дар корҳои вазнин, корҳои зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон хатарнок истифода бурдани меҳнати кӯдакон манъ аст.
Тарбияи насли наврас, пешгирии истифодаи кӯдакон дар меҳнати вазнин дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати ЧТ самти афзалиятнок ба шумор рафта, тамоми тадбирҳо барои расидан ба ин ҳадафи иҷтимоӣ андешида мешаванд.
Чумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ санадҳои муҳими байналмилалиро, аз ҷумла дар соҳаи меҳнат – Конвенсияи ТБМ №182 «Оид ба манъ кардан ва аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон», ки соли ҷорӣ ба қабули он 20 сол пур мешавад, Конвенсияи ТБМ №138 «Оид ба синну соли ҳадди ақали ба кор қабул намудан» ва як қатор ҳуҷҷатҳои дигарро дар ин соҳа ба тасвиб расонида, қонунгузории худро ба меъёрҳо ва стандартҳои муқаррарнамуда мутобиқ гардонида, бо дарназардошти ин стандартҳо онро пайваста такмил медиҳад.
Ҳамчунин ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти мазкур ҳуҷҷатҳои дахлдори барномавӣ қабул гардида, амалисозии онҳо бомаром идома дорад. Барномаи миллӣ оид ба барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020, Руйхати корҳо, ки дар онҳо истифода намудани меҳнати кормандони ба синни 18 нарасида манъ аст ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳое, ки барои онҳо дастӣ бардоштан ва кашондан иҷозат дода намешавад, аз қабили ин ҳуҷҷатҳоянд.
Имрӯз дар ҷумҳурӣ масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқи инсон дар робита бо Ҳадафҳои рушди устувор баррасӣ мегарданд. Яке аз вазифаҳои ҳадафи 18 ҲРУ «Андешидани тадбирҳои фаврӣ ва самаранок ҷиҳати барҳам додан ва манъи шаклҳои бадтарини меҳнат» мебошад. Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати он барои солҳои 2016-2020 тадбирҳои дахлдор барои расидан ба ин ҳадафҳо пешбинӣ шудаанд. Амалисозии ин ва дигар ҳуҷҷатҳои стратегӣ дар кишвар бомаром идома дорад ва ин боиси дастовардҳои назаррас дар самти мазкур гардидааст.
Ҳамчунин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти ин ниҳод дар самти мазкур иброз намуд, ки ҷиҳати ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи кӯдак ба меҳнат дар доираи салоҳияти муқаррарнамудаи қонун корҳои муайянро анҷом медиҳад, аз ҷумла тавассути мусоидат дар такмили қонунгузорӣ, паҳн намудани иттилоот дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакон дар ин самт, ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, мониторинги риояи ҳуқуқи кӯдак, назорати мустақили иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва ғайра.
Ҳифзи иҷтимоӣ, дастрасӣ ба таҳсил ва ба ҳифзи саломатӣ омилҳои муҳими пешгирӣ ва барҳам додани меҳнати кӯдакон аст. Аз ин рӯ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ҷиҳати мусоидат дар таъмини ҳуқуқҳои мазкур таҳлилу мониторингҳо гузаронида, бо вазорату идораҳои дахлдор пайваста ҳамкорӣ менамояд.
Аз байн бурдани меҳнати кӯдакон ҳамкории мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалиро дар ин самт тақозо менамояд ва мувофиқи мақсад аст, ки ин ҳамкориҳо доимӣ бошанд. Ваколатдор дар навбати худ ҷиҳати ҳифз ва пешрафти ҳуқуқи кӯдак барои ҳамкориҳо бо тамоми субъектони ин раванд омода аст.








Лагери истироҳатию солимгардонии «Саодат» 360 кӯдакро ба истироҳат фаро гирифт
494 нафар донишҷӯ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро бо дипломи аъло хатм намуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ гуна патентро аз даст надода, фаъолияти меҳнатиро дар Русия ба таври қонунӣ анҷом додан мумкин аст?
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба даҳаи миллии дастгирии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ таҳти унвони «Шукуҳи Истиқлол» иқдоми таблиғотӣ идома дорад
Моҳи охири фасли тобистон дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 1 дараҷа баланд мешавад
Дар Тоҷикистон соли 2026 ҳаҷми маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ бештар гардидааст
БАРНОМАИ РУШДИ РОҲНАМОИ КАСБ. Татбиқи он имкон медиҳад, ки шумораи аҳолии бо ҷойи кор таъминшуда ҳамасола 2-2,2 фоиз афзоиш ёбад
«ЧИЛ ДУХТАРИ ТОҶИК БО ЧИЛ ГЕСӮИ ДАРОЗ». Таҳти ин унвон намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Шумораи аҳолии машғул ба фаъолияти иқтисодӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион нафарро ташкил медиҳад
Дар минтақаи Кӯлоб шумораи нафақагирон беш аз 127 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Ба 12 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид






