Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯён мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 12.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. 11 июни соли равон дар Донишгоҳи давлатии аграрии шаҳри Новосибирск вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия Шамсиддини Зардӣ бо аъзоёни маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» баргузор гардид.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳадафи асосии баргузории мулоқот шиносоӣ бо раванди таълими ҷавонон, баррасии мушкилоти онҳо ва дастгирии донишҷӯёни тоҷик дар хориҷи мамлакат мебошад.
Дар мулоқот Ш.Зардӣ зикр намуд, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба насли ҷавон зиёд аст. Ҳамин аст, ки дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» таъсис дода шудааст. Ҳоло намояндагони дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи ҷумҳурӣ пайваста ташаббусу иқдомҳои ҷавононро дастгирӣ намуда, барои амалӣ намудани кори маҳфил тамоми тадбирҳои саривақтиро роҳандозӣ менамояд. Имрӯз фаъолияти маҳфил хуб ба роҳ монда шуда, ҳадафи асосии он муттаҳид ва дастгирии ҷавонон дар хориҷи мамлакат мебошад.
Ҳамчунин раиси Маркази фарҳанги милии тоҷикон дар шаҳри Новосибирск Минҳоҷиддин Каримов доир ба дастгириҳои Пешвои миллат ибрози андеша намуда, аз ҷумла зикр, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳамеша дар маркази диққати Сарвари давлат қарор дорад. Имрӯз тамоми шароит барои илмомӯзии ҷавонон фароҳам оварда шудааст. Намунаи ин гуфтаҳост, ки ҳоло беш аз 30 ҳазор нафар ҷавонон дар хориҷ аз кишвар таҳсил менамоянд.
Дар охири мулоқот роҳбари намояндагии маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсил дошта» дар шаҳри Новосибирск Умар Шеров миннатдории худро ба Ҳукумати Тоҷикистон баён намуд.








Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд
Оид ба мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик конференсияи илмӣ доир шуд
Озмоишгоҳҳои таҳлили канданиҳои фоиданок ва омода кардани намунаи ашёи минералӣ ба истифода дода шуданд
Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд






