ММТ: муҳлати марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ тамдид карда шуд
ДУШАНБЕ, 21.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки муҳлати марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ то 30 июни соли равон тамдид гардид. Ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки дар марҳалаи асосӣ (аз 1 март то 30 апрел) худро номнавис кардаанду интихобҳои аввалаи худро иваз кардан мехоҳанд, расонида мешавад, ки муҳлати марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ то 30 июн тамдид карда шуд.
Дар ин бора аз Маркази мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ дар 2 нуқтаи бақайдгирии шаҳри Душанбе, ки дар заминаи муассисҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 70-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва №100-и ноҳияи Шоҳмансур ташкил карда шудаанд, сурат мегирад.
Довталаби хоҳишманд метавонад барои аз нав сабти ном кардан ҷиҳати иваз намудани интихобҳои аввалаи худ ба яке аз ин нуқтаҳо муроҷиат намояд.
Маълумоти муфассалро дар бораи марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ аз эълон («Марҳалаи иловагии бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ»), ки дар сомонаи Марказ (http://ntc.tj/tj/1019-marhalai-ilovagi-2019.html) нашр карда шудааст, дастрас кардан мумкин аст.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






