Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Лахш

Июнь 25, 2019 14:22

ДУШАНБЕ, 25.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба ноҳияҳои водии Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Лахш ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар деҳоти Сарталои ноҳия бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоавӣ ва инфиродӣ, ки дар ин минтақа зиёда аз 250 гектар заминҳои бекорхобидаро обёрӣ намуда, ба гардиши кишоварзӣ ворид кардаанд, шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли равон дар Дашти Сарталои ноҳияи Лахш аз майдони умумии заминҳои обёришуда аҳли заҳмати Хоҷагии деҳқонии Муҳаммад-2018 дар 54 гектар боғи нав бунёд намуданд.

Дар боғи мазкур, ки асосан бо тарзи интенсивӣ бунёд гардидааст, наздики 30 ҳазор ниҳоли дарахтони себ, олуи сиёҳ ва нок шинонида шуда, айни замон дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани агротехникаи парвариш нашъунамои ниҳолон таъмин мебошад. Ҳамзамон бо мақсади самараноку оқилона истифода бурдани замин кишоварзони Хоҷагии деҳқонии Муҳаммад-2018 дар байни қаторҳои боғ навъҳои гуногуни картошка кишт кардаанд. Дар маҷмӯъ картошказори ин хоҷагӣ дар Дашти Сарталои ноҳияи Лахш беш аз 90 гектарро ташкил медиҳад.

Айни замон дар ин хоҷагӣ 60 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, ба гуфти масъулон дар мавсими ҷамъоварии картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ин нишондод ба 250 нафар хоҳад расид.

Дар боғи навбунёд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хоҷагидорон суҳбати самимӣ доир карда, оид ба васеъ намудани майдони боғот, ба маҳал мутобиқ кардани намудҳои гуногуни ниҳоли дарахтон ва дар ҳамин замина афзоиш бахшидани содироти мева ба хориҷи кишвар маслиҳатҳои муфид доданд. Ба таъкиди Пешвои миллат, бунёди боғҳои нав агар аз як ҷиҳат омили таъсиси ҷойҳои корию беҳдошти сатҳи зиндагии мардум бошад, аз тарафи дигар истеҳсолу содироти меваҷоти гуногун ва хушкмеваҳо ба хориҷи мамлакат афзоиш меёбад. Бо ҳамин мақсад дастур дода шуд, ки дар талу теппаҳо ва заминҳои бекорхобидаи ҳудуди ноҳия боғоти нав бунёд карда шавад.

Зимни шиносоӣ бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар шафати боғи мазкур аз ҷониби деҳқонони зарофари деҳоти ноҳияи Лахш ташкил карда шуд, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидоронро ба истифодаи самараноку оқилонаи замин ва гирифтани ҳосили зиёди маҳсулоти кишоварзӣ ҳидоят намуданд.

Тавре таъкид гардид, тибқи барномаҳои соҳавию минтақавӣ инкишофи чорводориву картошкапарварӣ, ғаллакорӣ, боғдориву сабзавоткорӣ ва занбӯриасалпарварӣ аз ҷумлаи самтҳои асосии соҳаи кишоварзии ноҳия ва омили муҳими беҳдошти сатҳи зиндагии мардум ба ҳисоб мераванд.

Изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки кишоварзони ноҳияи Лахш дар истеҳсоли картошка таҷрибаи бағоят калон дошта, бо зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли он дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар нақши арзанда мегузоранд. Ёдовар мешавем, ки соли гузашта кишоварзони ин ноҳияи баландкӯҳи мамлакат истеҳсоли картошкаро ба зиёда аз 100 ҳазор тонна расониданд.

Соли равон бошад аз ҷониби кишоварзони ноҳияи Лахш дар майдони беш аз 4 ҳазор гектар картошка кишт карда шудааст.

Ҳамзамон дар соли равон деҳқонони ноҳияи Лахш тибқи дурнамо дар майдони 78 гектар боғҳои нави мевадиҳанда бунёд карданд, ки ин иқдом оянда дар таҳкими иқтидори содиротии кишвар заминагузор хоҳад буд.

Дар маҷмӯъ майдони боғот дар ноҳия наздик ба 2 ҳазору 500 гектарро ташкил медиҳад ва ҳамасола деҳқонон ба таври фаровон себу нок, шафтолу, гелос, зардолу, олу ва дигар намуди мева ҷамъоварӣ менамоянд.

Тайи солҳои охир занбӯрпарварони ноҳия низ ба пешрафти назаррас ноил гардиданд. Табиати ноҳияи Лахш, ки барои рушди ин соҳаи сердаромад басо мувофиқ аст, занбӯрпарварон ҳамасола зиёда аз 100 тонна асал ҷамъоварӣ менамоянд.

Давоми ду даҳсолаи охир дар ноҳияи Лахш бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи чорводорӣ низ рушд кард. Дар ин ҷо хоҷагидорон зотҳои беҳтарини чорвои калону майда, аз ҷумла қутос, ки саршумори он ба 624 сар расидааст, ба намоиш гузоштанд.

Имрӯз дар ноҳия 28 ҳазору 475 сар чорвои калон ва 135 ҳазору 198 сар моли майда мавҷуд аст.

Аз ҳамовозии васеъ пайдо намудани таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи пурсамари замин ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти худӣ бо умеду боварии комил метавон гуфт, ки деҳқонон ва ҳамаи истеҳсолкунандагони неъматҳои моддӣ дар тамоми деҳоти ноҳияи Лахш баҳри татбиқи ин ҳадафҳо камари мустаҳкам бастаанд ва амнияти озуқаворӣ бо истифода аз имкониятҳои дохилии кишвар таъмин мегардад.
Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Лахш 25.06.2019

Июнь 25, 2019 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Фароғатбону»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии ҶДММ «Назар»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении ҶДММ «Технологияи полимерӣ» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли пойафзолро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Маркази ташхису табобатии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан марҳилаи дуюми коргоҳи истеҳсоли дучарха ва бозичаҳои гуногуни ҶДММ «Адл»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли ҷиҳози кӯдаконаи ҶДММ «Адл»-ро ифтитоҳ намуданд