ОБУ ҲАВО: дар Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, борони кутоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 07.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии ҷумҳурӣ эҳтимоли омадани сел ва баландшавии сатҳи оби дарёҳо (ба истиснои ВМКБ) дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят боридани борон дар назар аст. Ҳаво шабона 9-14 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 1-4 дараҷа сард ва рӯзона ҳарорат ба 9-14 дараҷа мерасад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи боронӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 30-35 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 ва рӯзона 14-19 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар баъзе ноҳияҳо ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 28-33 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2-7 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 11-16 ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9-4 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрии тағйирёбанда шуда, шабона боридани борони кутоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 11-13 ва рӯзона 30-32 дараҷа гарм мешавад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






