ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад

Июнь 15, 2019 08:35

ДУШАНБЕ, 15.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ  ҳаво тағйирёбанда шуда,  дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад.  Дар  шарқи вилоят рӯзона боридани борон ва шабона барф  дар назар аст.    Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5+10 ва рӯзона 18+23 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва  рӯзона 9+14 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида,  раъду барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8 ва   рӯзона    16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбанда мешавад. Дар  ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо боридани борони  кӯтоҳмуддат  ва ба амал омадани  раъду барқ дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб бо  суръати 4-9 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду  барқ ба амал меояд. Шамол аз шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 10+15  ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш  мешавад.  Шамол аз шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 12+14 ва  рӯзона 31+33 дараҷа гарм мешавад.

Июнь 15, 2019 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд