ҶОМИ КФО: санаи бозиҳои даври шашум байни дастаҳои «Истиқлол» бо «Алтин Асир» ва «Хуҷанд» бо «Дордой» маълум шуд

Июнь 22, 2019 11:14

ДУШАНБЕ, 22.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври ниҳоии Ҷоми КФО-2019 санаи 26 июни соли  равон  доир мегарданд. Дар даври шашум дастаи футболи «Истиқлол» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри  Душанбе дастаи  «Алтин Асир»-ро қабул менамояд. Дастаи футболи «Хуҷанд» бошад, дар меҳмонӣ бо тими «Дордой» бозӣ хоҳад кард. Ин мавзӯъро шореҳи варзишии АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН шарҳ медиҳад.   

Бояд зикр кард, ки санаи 19  июни соли равон бозии даври 5-уми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 байни дастаҳои футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар варзишгоҳи «20-солагии  Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри  Хуҷанд  баргузор гардид. Вохӯрии дастаҳо ҷолибу диданӣ сурат гирифта, бо ҳисоби 3:2 ба нафъи  дастаи футболи  «Хуҷанд»-и Хуҷанд  хотима ёфт. Дар ин  дидор  голҳоро Давронҷон Эргашев 4 (1:0) Ҷалил Кимсанов 30 (1:1), Турсуналӣ Рустамов 40 (1:1), Эҳсони Панҷшанбе 63 (2:2), Дилшод Восиев 71 (3:2) ба ҳадаф расониданд

Ҳамчунин дар бозии дигари даври 5-уми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 дастаи футболи «Алтин Асир»-и Туркманистон бар дастаи футболи «Дордой»-и Қирғизистон бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад.

Баъди ин рақобатҳои ҷолиб  дастаи футболи «Алтин Асир»-и Туркманистон  бо ба даст овардани 9 хол мақоми аввалро дар ҷадвал ишғол кард, футболбозони «Истиқлол» бо касби 7 хол дар зинаи дуюми ҷадвали гурӯҳи «Д» ҷойгир шуданд. Дастаи футболи  «Хуҷанд»-и Тоҷикистон бо дарёфти 7 хол зинаи сеюмро ба худ ихтисос дод. Тими «Дордой»-и Қирғизистон бошад, бо касби 4 хол дар мақоми чорум ҷой дорад.

Бояд илова намуд, ки дар доираи бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 дар минтақаи марказӣ  дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд бозии даври чорумро баргузор намуда буданд.

Рақобати дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон ва «Алтин Асир»-и Туркманистон дар шаҳри Ашқобод сурат гирифта, бо ҳисоби камтарини 1:0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.

Дар вохӯрии дигари гурӯҳи «Д» дастаҳои футболи  «Дордой» ва «Истиқлол» байни ҳам рақобат намуданд. Дар ин дидор футболбозони «Истиқлол» бо ҳисоби 2:1 мағлуб шуданд.

Ҳамин тавр, дастаҳои футболи «Хуҷанд»  ва «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар бозии даври чоруми гурӯҳи «Д» аз рақибонашон мағлуб гардида, аз се имтиёз маҳрум шуданд.

Ёдовар мешавем, ки бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 дар гурӯҳи «Д» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва «Дордой»-и Қирғизистон баргузор шуда, бо ҳисоби калони 4:1 ба нафъи  шогирдони Ҳаким Фузайлов хотима ёфта буд.

Бояд қайд намуд, ки ин вохӯрии ҷолибро дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе зиёда аз 13 ҳазор нафар  мухлисони  футболи тоҷик тамошо намуданд. Ҳанӯз дар дақиқаи 15-уми бозӣ  Алишер Ҷалилов аз зарбаи пеналти ҳисобро боз намуд. Дар анҷоми қисми якуми рақобат яке аз бозингарони шинохтаи дастаи  футболи  «Истиқлол»-и  Душанбе Фатҳулло Фатҳуллоев аз зарбаи ҷаримавии 11-метра голи дуюмро ба нишон расонид.

Дар  қисми дуюми вохӯрӣ, аниқтараш дар дақиқаи 49-ум   легионери сербиягии дастаи  футболи «Истиқлол» Михайло Сакич ҳисобро 3:0 намуд. Дар дақиқаи  81-уми  бозӣ Шаҳром Самиев голи чоруми дастаашро ба ҳадаф расонида, пирӯзии  дастаи  «Истиқлол»-ро дар ин дидор таъмин намуд. Ягона голи дастаи футболи «Дордой»-ро дар дақиқаи 50-ум Мирлан Мурзаев  ба  нишон расонид.

Хотиррасон менамоем, ки танҳо ғолиби гурӯҳи «D» ба даври дигари Ҷоми КФО-2019 роҳхат мегирад.

Июнь 22, 2019 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид