Парлумон Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Авесто Гурӯҳ»-ро ба тасвиб расонид

Июнь 7, 2019 15:01

ДУШАНБЕ, 07.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Парлумони Тоҷикистон Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди (ҶДММ) «Авесто Гурӯҳ» оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли оби нӯшокӣ ва маҳсулоти машруботии «Сиёма»-ро  дар шаҳри Душанбе ба тасвиб расонид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуотии палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов иттилоъ медиҳад, масъалаи мазкур имрӯз зимни баргузории ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон, даъвати панҷум, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ шуд.

Зикр гардид, ки масъалаи сохтмон ва ба истифода додани корхонаи мазкур зимни мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва масъулини соҳаҳои гуногуни шаҳри Душанбе моҳи феврали соли 2017 аз ҷониби соҳибкори ватанӣ пешниҳод гардида буд.

Ба иттилои манбаъ, Лоиҳа аз ҷониби ширкати ватанӣ ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» дар ду марҳила татбиқ гардида, ҳаҷми умумии сармоягузории он 10 миллион доллари америкоӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки татбиқ гардидани лоиҳаи мазкур барои  расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат мекунад.

«Мутобиқи созишнома сармоягузор аз пардохти андоз аз фоида ва аксиз ба муҳлати 5 сол озод гардида, номгӯи молҳои барои татбиқи лоиҳа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод карда мешаванд», — афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки дар иҷлосия як қатор масъалаҳои дигар низ муҳокима гардиданд.

Июнь 7, 2019 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд