Пешвои миллат дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ иштирок намуданд ва бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Қалъа»-и ноҳияи Тоҷикобод шинос шуданд

Июнь 25, 2019 09:40

ДУШАНБЕ, 25.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Тоҷикобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти баргузории намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дидан карда, бо нашъунамои зироатҳо дар хоҷагии деҳқонии «Қалъа» шинос шуданд.

Дар намоишгоҳ намунаи маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла олучаву гелос, тут, тути заминӣ, қулфинай ва навъҳои пешпазаки зардолу, ки ин шабу рӯз дар ин минтақаи кӯҳистони мамлакат пухта расидаанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Ҳамчунин дар ин намоишгоҳ маҳсулоти дигар, ба монанди гӯшт, маҳсулоти ширӣ ва навъҳои гуногуни нон, ки дар ҳудуди ин ноҳия истеҳсол карда мешаванд, ба маъраз гузошта шуд. Намоиши ҳунарҳои мардумӣ нишон дод, ки сокинони ин минтақаи дурдаст бо маҳорати баланди кадбонугиву пазандагӣ, дӯзандагӣ ва дигар ҳунарҳои дастӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ном баровардаанд ва намунаи ҳунарҳои дастии онҳо василаи хуби ҷалби сайёҳони хориҷӣ низ мебошад.

Инчунин зимни боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои дастӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори занбӯри асалпарварони ноҳия таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки айни замон дар ноҳияи Тоҷикобод бештар аз 6 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад. Дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти олии сиёсии мамлакат ва татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ, дар ду соли гузашта оилаҳои занбӯри асал дар ноҳия бамаротиб зиёд шудаанд. Тибқи иттилои масъулони идораи кишоварзии ноҳия, дар соли 2019 шумораи оилаҳои занбӯри асал ба 7 ҳазор адад расонида хоҳад шуд. Давоми соли 2018 ба занбӯрпарварон муяссар гардид, ки бештар аз 110 тонна асали хушсифат истеҳсол намуда, ба бозорҳои дохиливу хориҷӣ ворид созанд.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии «Қалъа» хабар дода шуд, ки айни замон дар ин хоҷагӣ меҳнаткашон дар майдони 5 гектару 80 садяк зироатҳои гуногун, аз қабили помидор, қаламфур, карам, бодиринг, сабзӣ, турб, шалғам, лӯбиё, каду, ғалладона ва картошка кишт кардаанд. Зироатҳои номбурда ба иқлими ноҳия мувофиқ буда, дар сурати дуруст ба роҳ мондани агротехникаи кишту парвариш, ҳосили фаровон ба даст овардан мумкин аст.

Картошка зироати асосӣ ва барои деҳқонони ноҳия даромаднок ба ҳисоб меравад. Имсол дар ноҳия майдони кишти умумии картошка ба 1085 гектар расонда шуд, ки назар ба соли 2018 зиёдтар аст. Аъзои хоҷагии деҳқонии «Қалъа» дар майдони 4 гектар картошка кишт карда, коркарди агротехникии онро хушсифат анҷом доданд. Деҳқонон барои таҷриба имсол аз 3 намуди тухмӣ, аз ҷумла дар баробари истифодаи тухмии маҳаллӣ ҳамчунин аз ноҳияҳои Деваштичи вилояти Суғд ва Лахш навъи тухмиҳои «Пикассо» ва «Тоҷикистон»-ро оварда, истифода ва кишт карданд.

Зикр кардан зарур аст, ки дар ин ноҳияи кӯҳистон сол то сол картошкапарварӣ рушд меёбад. Соли 2018 деҳқонони ноҳия истеҳсоли картошкаро ба 24 ҳазору 71 тонна расонданд, ки назар ба соли 2017, 1631 тонна зиёд мебошад. Тазаккур дода шуд, ки ноҳияи Тоҷикобод дар ҷумҳурӣ ҳамчун маркази таҷрибаи пешқадам дар соҳаи картошкапарварӣ шинохта мешавад.

Маслиҳатҳои муфиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон феълан ба рушди картошкапарварӣ натанҳо дар ноҳия ва водии Рашт, балки дар ҷумҳурӣ таккони ҷиддӣ бахшид. Сарвари давлат зикр доштанд, ки дар низоми иқтисодии минтақа бахши кишоварзӣ афзалияти хоса дорад. Аз ин рӯ, ба масъулони ҷумҳуриявию ноҳиявӣ дастур доданд, ки ба бахшҳои алоҳидаи соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла картошкапарварӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Баъд аз иштирок дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзию ҳунарҳои мардумӣ ва ошноӣ бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Қалъа», Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи навъсанҷии маҳсулоти кишоварзӣ дар мавзеи Сари Пули ноҳия бо доираи васеи сокинони ноҳияи Тоҷикобод мулоқот карданд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат сокинони ин минтақаи дурдасти ҷумҳуриро ба муносибати солгарди навбатии Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳният гуфта, ҳамаи иқдомоти созандагӣ ва зиндагии шоистаи мардумро самараи сулҳу суботи сартосарӣ маънидод карданд.

Дар анҷоми мулоқот сокинони ноҳияи Тоҷикобод ба Пешвои миллат барои талошҳои хастанопазир дар роҳи таъмини зиндагии арзанда ба ҳар фарди Тоҷикистон арзи сипосу миннатдорӣ карданд.

Иштирок дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Қалъа»-и ноҳияи Тоҷикобод 25.06.2019

Июнь 25, 2019 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд