Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Муҳаммад Абдул Ҳамид мулоқот карданд
ДУШАНБЕ, 13.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. 13 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Президенти Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Муҳаммад Абдул Ҳамидро ба ҳузур пазируфтанд.
Сарвари давлат меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон аз робитаҳои зичтар ва тақвият бахшидани муносибатҳои дуҷониба бо Бангладеш ҳавасманд мебошад ва нақши ин кишварро дар тавсеаи ҳамкории минтақавӣ назаррас арзёбӣ карданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба истифодаи самараноки имкониятҳои мусоиди ҳамкорӣ ба манфиати кишварҳо дар бахшҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, саноат, сайёҳӣ, маориф ва сармоягузориҳои мустақим омодагии худро иброз доштанд.
Таъкид гардид, ки истифодаи таҷрибаи бойи Бангладеш барои рушди саноат дар Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва Шӯрои соҳибкорон, имзои созишномаҳои нави ҳамкорӣ, барои ҳар ду ҷониб судманд хоҳад буд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамкорию ҳамгироии кишварҳо дар доираи ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар самти ҳалли мушкилоти глобалӣ ва мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир баррасӣ гардид.
Муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ ва имзои Созишнома оид ба ҳамкории амниятӣ ва таъсиси гурӯҳи муштараки корӣ, мувофиқи мақсад шуморида шуд.
Дар рафти мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима гардид.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ






