Президенти Шри-Ланка Майтрипала Япа Сирисена ҷиҳати иштирок дар Саммити сарони давлатҳои аъзои МҲТБО ба Душанбе омад

Июнь 13, 2019 18:55

ДУШАНБЕ, 13.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Япа Сирисена ҷиҳати иштирок дар Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё /МҲТБО/ вориди шаҳри Душанбе гардид.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.

Интизор меравад, ки худи ҳамин рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Япа Сирисена мулоқот намоянд.

Ёдовар мешавем, ки 15 июни соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе панҷумин Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) баргузор мешавад.

МҲТБО форуми байнидавлатӣ буда, соли 1992 ғояи таъсиси он аз ҷониби Ҷумҳурии Қазоқистон пешниҳод гардидааст. Фаъолияти он ба фароҳам овардани шароит барои муколама, қабули қарорҳо ва татбиқи тадбирҳо дар самти таъмини амният дар Осиё равона мебошад.

То имрӯз 27 давлат — Тоҷикистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Ветнам, Миср, Исроил, Ҳиндустон, Урдун, Ироқ, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Камбоджа, Чин, Ҷумҳурии Корея, Қирғизистон, Муғулистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Покистон, Фаластин, Россия, Таиланд, Туркия, Ӯзбекистон ва Шри-Ланка  аъзои МҲТБО мебошанд.

Ҳамчунин дар Машварат 8 давлат — Беларус, Индонезия, Лаос, Малайзия, Филиппин, Украина, ИМА, Япония ва 5 созмони байналмилалӣ – Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони байналмилалии муҳоҷират, Лигаи давлатҳои араб, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Ассамблеяи парлумонии кишварҳои туркзабон дорои мақоми нозир мебошанд.

Мақоми олии қабулкунандаи қарорҳои МҲТБО Саммити сарони давлатҳо мебошад. Саммит ҳар чор сол як маротиба барои баргузории машварат, баррасии фаъолияти МҲТБО ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки он даъват карда мешавад.

Июнь 13, 2019 18:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»