Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 13.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. 13 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисенаро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот натиҷаҳои аввалин музокироти сатҳи олӣ миёни ду кишвар, ки соли 2017 сурат гирифта буд ва инчунин масъалаҳои ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаҳои гуногун мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадрро ба сарзамини меҳмоннавози Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки дар доираи сиёсати хориҷии кишвар мо ба таҳкими равобити дӯстона бо давлатҳои минтақаи рушдёбандаи Осиёи Ҷанубӣ, аз ҷумла Шри-Ланка таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоем.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо маҷмуъи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гидроэнергетика, бофандагӣ, дорусозӣ, коркарди пашму пӯст, таъсиси корхонаҳои муштараки соҳаи истихроҷу коркарди сангҳои қимматбаҳо ва ороишӣ, таҳияи лоиҳаҳои бузурги зерсохтори нақлиёт, рушди соҳаи сайёҳиро баррасӣ карданд.
Таъкид гардид, ки барои рушду тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои барои ҳарду ҷониб судовар, аз ҷумла сиёсат, иқтисоду тиҷорат, ҷоннок кардани фаъолияти Гурӯҳи дӯстии байнипарламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри — Ланка, Баргузории Бизнес-Форумҳо, таъсиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Шри — Ланка, дастрасии Тоҷикистон ба бандарҳои баҳрӣ, истифодаи долонҳои транзитӣ, мусоидати бештар хоҳад кард.
Ҷонибҳо барои расидан ба ҳадафҳои судманд, таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, инчунин имзои лоиҳаи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорату иқтисодро иқдоми саривақтӣ арзёбӣ карданд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин дар доираи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ масъалаи мубориза бо таҳдиду хатарҳо, аз қабили тақвияти мубориза бо терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ қочоқи маводи мухаддирро муҳокима карданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд






