«РӮИ ОЛАМ ГАШТ ПУР АЗ ДӮСТОНИ ҶОНИЯМ…». Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 80-солагии шоир Саидҷон Ҳакимзода баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 15.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори фарҳангии Донишгоҳи давалатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, бахшида ба 80-солагии шоир Саидҷон Ҳакимзода, конфренсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Саидҷон Ҳакимзода ва масъалаҳои адабиёти муосири тоҷик» баргузор гардид. Дар ин бора мухбири минтақвии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Конференсияро, ки ба як навъ маҳфили ёдбуди шоири тавонои тоҷик табдил ёфт ва дар он донишмандону муҳаққиқон, шоирону нависандагон ва рӯзноманигорон, ҳавохоҳони шеъру адаб аз ҳар гушаю канори ҷумҳурӣ иштирок доштанд, Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои физика ва математика, профессор Абдулло Ҳабибулло оғоз намуда, кулли иштирокчиёни конференсияро ба ин боргоҳи илму адаб хайра мақдам гуфт.
Сипас дар назди ҳозирин Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири Халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ Низом Қосим ба сухан баромада, аз нақши носутурдании Саидҷон Ҳакимзода дар адабиёти тоҷик изҳори назар намуд.
Дар назди ҳозирин доктори илмҳои филология, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Аъламхон Кӯчаров дар мавзӯи «Устод Турсунзода дар тасвири Саидҷон Ҳакимзода» ва мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ Зафар Мирзоён дар мавзӯи «Нигоҳе ба сурудаҳои дилрабои Саидҷон Ҳакимзода» бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карданд.
Саидҷон Ҳакимзода дар баробари он ки шеърҳои дилнишин гуфта, қалби бисёр ҳаводорони каломи бадеъро тасхир намудааст, дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон дӯстони зиёде дошт, шояд барои ҳамин имрӯз одамони зиёде ба Кӯлобшаҳр омада, маҳфили ёдбуди ӯро бо қудуми худ мунаввар намуданд. Чуноне дар як шеъраш навиштааст:
Нестам чун лолаи хуниндили саҳронишин,
Рӯи олам гашт пур аз дӯстони ҷониям…








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид






