Раҷаббой Аҳмадзода ба осебдидагони офати табиӣ: бо се вақт хӯроки гарм, хайма, либосу ашёи зарурӣ таъмин мешавед

Июнь 4, 2019 13:32

ДУШАНБЕ, 04.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои ошноӣ  бо раванди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва расонидани кумак ба оилаҳои зарардида ба шаҳри Конибодом  сафар кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят.

Хотиррасон мешавем, ки  шаби 2 июн бар асари боришоти зиёди борон дар бархе аз манотиқи шаҳри Конибодом, аз ҷумла ҷамоатҳои  ба номи Ғафурҷон Ортиқов ва Пӯлотон сел омад ва офати табиӣ ба хоҷагии халқи шаҳр    зарар расонид. Тибқи иттилои манбаъ, дар натиҷаи боришоти зиёди пай дар пай ва омадани сел 55 хонаи сокинон зарар диданд ва аз ин миқдор ашёи рӯзгор ва лавозимоти зарурии 31 оила пурра нобуд гардид.

Айни замон бо ҷалби сохторҳои марбута корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ҷараён дошта, беш аз 250 нафар сарбозони қисмҳои низомӣ низ ба сокинон кӯмак расонида истодаанд. Баррасии хисороти воридшуда бошад аз ҷониби комиссияи  махсус идома дорад.

Раиси вилоят дар суҳбат бо сокинони зарардида  изҳор дошт, ки оқибатҳои офати табиӣ пурра бартараф карда шуда, зарардидагон бо се вақт хӯроки гарм, хайма, либосу ашёи зарурӣ таъмин ва аз хизматрасонии хадамоти беҳдоштиву санитарӣ  бархӯрдор хоҳанд шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои суҳбат бо мардуми зарардида ҳамзамон аз мушкилоти онҳо бохабар шуда, ба масъулини ниҳодҳои дахлдор ҷиҳати ҳалли  онҳо супоришҳои мушшахас дод.

Манбаъ қайд намудааст, ки барои пурра ба анҷом расонидани корҳои бартарафсозӣ ситоди доимоамалкунанда ташкил гардидаааст.

Июнь 4, 2019 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд