РАДИОИ «ХОВАР»: ҳар ним соат тариқи хабару гузоришҳои мо аз рафти ҳамоиши сатҳи олӣ- саммити сарони давлатҳои аъзои МҲТБО бохабар шавед!
ДУШАНБЕ, 14.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сӯи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе, ки он мизбони ҳамоиши сатҳи олӣ- саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё мебошад, равона гардидааст.
Тавре қаблан иттилоъ додем, ҷараёни кори ҳамоиши панҷуми МҲТБО-ро, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, 650 нафар намояндагони ВАО-и дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла бонуфзтарин ширкатҳои телевизионӣ ва радиоии ҷаҳон инъикос мекунанд.
Хабарнигорони Радиои «Ховар» низ талош доранд, ки дар инъикоси ин ҳамоиши муҳими сиёсӣ нақши намоён гузоранд. Ба ин хотир хабарнигорони Радио омодагӣ гирифта, бо беҳтарин муҳаққиқон, коршиносон, зиёиён ва дигар масъулини баргузории ҳамоиши мазкур мусоҳибаҳо ороста, назари онҳоро пешниҳоди шунавандагон мегардонанд.
Хотирасон мешавем, ки дар ин рӯзҳо шунавандагон имкон доранд, ки ҳар ним соат тариқи хабару гузоришҳои Радиои «Ховар» аз рафти баргузории ин чорабинии бонуфузи байналмилалӣ дар мамлакат бохабар шаванд.
Ин мавзӯъ дар хабару гузориш ва мусоҳибаҳои хабарнигорони Радиои «Ховар», аз ҷумла тариқи барномаҳои «Гуфтугӯ», «Ҷаҳони андеша», «Шарҳи коршинос», «Рӯҳафзо» ва ғайраҳо баррасӣ мегардад.








ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши шашуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳри Остона иштирок ва суханронӣ карданд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад






