ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»

Январь 18, 2023 09:10

ДУШАНБЕ, 18.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамчун заминаи ташаккулдиҳандаи муносибатҳои дипломатии мамлакат дар муаррифии  ҳадафҳои глобалӣ сахми назаррас гузоштааст. Маҳз бо пешбарӣ намудани сиёсати «дарҳои боз» Ҷумҳурии Тоҷикистон  зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳалли муҳимтарин масоили экологии ҷаҳонӣ ташаббусҳои созанда пешниҳод намуда, таваҷҷуҳи аҳли сайёраро ба кишвари хайрхоҳу башардўст будани Тоҷикистон ҷалб намояд. Дар навбати худ ташаббусҳои  ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаи обу иқлим имрўз нуфузи мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта, пешсафии мамлакати моро дар ин масъала тарғиб мекунанд.

Соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи наверо барои густариши ҳамкории байналмилалии он дар арсаи ҷаҳонӣ кушод.

Маҳз мушкилоти норасоии оби тоза, безараргардонӣ ва самаранок истифода  бурдани он, инчунин пешгирии хатарҳои марбут ба об Тоҷикистонро водор сохт, ки дар ҳалли ин масъалаҳо ташаббус нишон диҳад. Ироаи панҷ ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон марбут ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, пеш аз ҳама, имконияти Тоҷикистонро дар ташкил намудани чорабиниҳои сатҳи минтақавиву байналмилалӣ бештар намуда, нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ  бештар кард.

Тафсилоти бештари мавзӯъ имрӯз, соатҳои 09:3017:30 ва  21:30 дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» бо иштироки муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиназар АШӮРОВ дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа БАҲРОМЗОДА ва коргардон Абдураҳмони РУСТАМ пешниҳоди шунавандагон мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 18, 2023 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ТАШАББУСҲОИ МАРБУТ БА ОБИ ТОҶИКИСТОН. Баррасии масъала дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»