«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад

Январь 26, 2023 11:52

ДУШАНБЕ, 26.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ғолиби даври ҷумҳуриявии Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», хонандаи синфи 8-уми Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Мадина Каримзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» дар барномаи Раидои «Ховар» — «Аз Фурӯғ то Фурӯғ» иброз дошт, ки маҳз баргузории ин озмун имкон дод таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба мутолиаи китоб бештар гардад.

«Иштирок дар озмуни мазкур имкон дод, ки  дониши андӯхтаамро  санҷида, ба ин комёбӣ мушарраф гардам», — мегўяд ў.

Ба таъбири халқ, «Хонаи бе китоб рӯзи бе Офтоб» аст. Хушбахтона, ин анъанаи неки гузаштагон, яьне санъати китобдориву сухандонӣ имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мавқеи шоиста дорад.

Тафсилоти бештари мавзӯъ имрӯз, соатҳои  16:30 ва 23:30 дар барномаи фарҳангии  «Аз фурӯғ то фурӯғ»-и Радиои «Ховар», ки дар партави баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» пешниҳод мегардад, бо иштироки ғолиби даври ҷумҳуриявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Мадина КАРИМЗОДА, дар таҳияи муҳаррири барнома Балхияи МУЗАФФАР ва коргардон Наврӯзи НУРУЛЛО пешниҳоди шунавандагон карда мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 26, 2023 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд