«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»

Январь 25, 2023 09:15

ДУШАНБЕ, 25.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси пешгӯиҳои коршиносон, бо тағйир ёфтани иқлим ва гарм шудани ҳарорати ҳаво дар даҳсолаҳои наздик пиряхҳои нисбатан хурд рў ба нестшавӣ оварда, дар охири асри ХХI пурра нест мешаванд. Аз ҷониби дигар, дар натиҷаи обшавии пиряхҳо ва «яхзори абадӣ» бисёр минтақаҳо ба ботлоқ табдил ёфта, макони озодшавии бошиддати метан аз замин хоҳанд гардид.

Коршиносони соҳа муайян намудаанд, ки давоми соли гарми 2019 пиряхи Гренландия тақрибан 532 миллиард тонна ҳаҷмашро аз даст дод, ки ин нисбат ба рекорди қаблии соли 2012 68 миллиард тонна зиёд аст. Дар даҳсолаи охир аз тағйир ёфтани иқлим, пеш аз ҳама, кам шудани шумораи пиряхҳо ба мушоҳида мерасад. Обшавии зиёди пиряхҳо барои сайёра фоҷиаи бузург маҳсуб шуда, пеш аз ҳама, аҳолӣ дар чунин вазъият дучори мушкили норасоии об мегардад, ки ин проблемаи муҳими глобалӣ мебошад.

Ҷойгиршавии бештари пиряхҳои рӯйи замин ба қитъаи Осиёи Марказӣ рост меояд. Аз ин рӯ мушкилоти норасоии об барои ин минтақа солҳои оянда низ бештар хоҳад шуд, зеро пиряхҳои ин қитъа, хусусан пиряхҳои кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар таъмин намудани Амударё ва Сирдарё бо об, ки калонтарин дарёҳои обёрикунандаи минтақаи Осиёи Марказӣ ва Баҳри Арал ба ҳисоб мераванд, нақши муҳим мебозанд. Дар чунин шароит, ба андешаи коршиносони соҳа, пешниҳоди ташаббуси панҷуми Тоҷикистон доир ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025  муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Тафсилоти бештари мавзӯъ имрӯз, соатҳои  09:3017:30 ва  21:30 дар барномаи таҳлилии  «Сарват»-и Радиои «Ховар» бо иштироки омўзгори кафедраи геоэкологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Сайфиддин ВАЛИЕВ, дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа БАҲРОМЗОДА ва коргардон Наврўзи НУРУЛЛО пешниҳоди шунавандагон карда мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 25, 2023 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ТАШАББУСҲОИ МАРБУТ БА ОБИ ТОҶИКИСТОН. Баррасии масъала дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»