«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
ДУШАНБЕ, 13.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо пешрафти дилхоҳ соҳаро бе иштироки занону духтарон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону духтарон дар ҷомеа мақоми хосса пайдо кардаанд ва дар тамоми соҳаҳо кору фаъолияти назаррас менамоянд. Боиси ифтихор аст, ки Сарвари давлат меҳнати онҳоро қадр карда, нисбат ба фаъолияти эшон назари нек доранд.
Дар барномаи навбатии «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» номзади илмҳои техникӣ, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, дорандаи медали тиллои Созмони умумиҷаҳонии «Моликияти зеҳнӣ» дар соли 2022, омӯзгори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ва ҳамзамон аъзои бахши миллии «Хонуми ядроӣ»-и Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсиӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Зумрад Ғайбуллоева дар бораи роҳи тайкардааш то расидан ба муваффақиятҳо ва нақши занон дар рушди илмҳои дақиқ, дастовардҳои чанд соли охири бонувони тоҷик дар ин соҳа изҳори назар менамояд. Барномаи мазкур имрӯз соати 08:30 ва такроран соатҳои 17:30 ва 21:30 дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа БАҲРОМЗОДА аз Радиои «Ховар» пешниҳод мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»