Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон Олимҷон Салимзода «Ҳамоиши МҲТБО дар Душанбе нуфузи Тоҷикистонро боз баланд хоҳад бардошт»
ДУШАНБЕ, 14.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Баргузории Саммити сарони давлатҳои аъзои машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиё, ки 15 июн бори нахуст дар пойтахти давлатамон шаҳри Душанбе доир мегардад, дар муаррифӣ ва баланд гардидани обрӯю эътибор ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ такони ҷиддӣ мебахшад»,- чунин гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Олимҷон Салимзода.
Ба андешаи мавсуф, меҳмонону иштирокдорони нишасти Душанбе, ки аксари онҳо бори нахуст ба Тоҷикистон ташриф меоранд, пешрафту дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз наздик, бо чашми сар хоҳанд дид. Онҳо бояд бинанд, ки Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ дар зарфи 28 соли соҳибистиқлолӣ чӣ гуна пешрафтҳо кардааст, хусусан бо рушди босуръати пойтахти мамлакатамон — шаҳри Душанбе, ки имрӯзҳо симои худро куллан тағйир дода, ба шаҳри муосири сабзу хуррам ва гулпӯш табдил ёфта, назаррабову дилрабо гардидааст, шинос шаванд.
Воқеан Ҷумҳурии Тоҷикистон зарфи солҳои охир дар соҳаҳои гуногун – иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳанг ва дигар самтҳо ба дастовардҳои назаррас муваффақ гардида, ба маркази баргузории чорабиниҳои бузурги сатҳи баланди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Бо дахли аҳамияти баргузории ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ дар пойтахти Тоҷикистон Олимҷон Салимзода афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон раисии ин созмони муътабарро то соли 2020 ба уҳда дорад ва фаъолияти онро муваффақона пеш мебарад, ки ин масъулияти бузург аст.
«Баргузории ин машварати сатҳи олӣ дар шаҳри Душанбе барои мардуми тоҷик ифтихор ва шарафи бузург мебошад. Интизор меравад, ки дар Саммит дар радифи тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, бунёди долонҳои нақлиётӣ, рушди логистика, таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ, ҳамзамон масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардаанд, аз қабили мубориза бо терроризму ифротфгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории фаромилӣ ва дигар масъалаҳои муҳим матраҳ гардида, барои ҳаллу фасли онҳо намояндагони кишварҳои аъзои МҲТБО талош хоҳанд кард», -афзуд О.Салимзода.
Номбурда ҳамчунин изҳори умед кард, ки дар саммити Душанбе атрофи ин масъалаҳо гуфтушунидҳои судманд сурат гирифта, сарони давлатҳои иштирокчӣ ба натиҷаҳои ниҳоӣ хоҳанд расид. Зеро терроризму ифротфгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории фаромилӣ воқеан имрӯз хатарҳои замони муосир маҳсуб шуда, ҷомеаи байналмилалиро ба ташвиш овардаанд ва дар мубориза алайҳи ин гуна хатарҳо кишварҳои аъзои МҲТБО бояд дастаҷамъона мубориза баранд.
То ҷое мусаллам аст, Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ таҳти шиори «Нигоҳи ягона ба минтақаи амн ва бештар дар ҳоли шукуфоӣ» доир гардида, он мавзӯи меҳварии сарони давлатҳои саммити Душанбе маҳсуб мешавад. Зеро таъмини амният рушд ва шукуфоии қораи Осиё ҳадаф ва рисолати аслии ин созмони бонуфузи байналмилалӣ аст.
Масъалаҳое, ки дар барномаи нишасти Душанбе ҷой дода шудаанд, ба нафъи на танҳо қитъаи Осиё, балки ҷаҳон равон карда хоҳанд шуд.
Интизор меравад, ки Сарони давлатҳо барои таъмини амнияту осоиштагӣ, пойдории сулҳу суботи саротосарӣ дар ҷаҳон, тавсеаи ҳамкории гуногунсоҳа, рушду пешрафт ва шукуфоӣ дар қораи Осиё гуфтушунидҳо ва муколамаи судманд анҷом дода, сарони давлатҳо Эъломияи Душанберо ба тасвиб хоҳанд расонид.
Умед аст, ки дар ҳошияи баргузории Саммити сарони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Тоҷикистон бештар шинохта хоҳад шуд ва дар миқёси ҷаҳон ҷойгоҳи хосаро касб хоҳад кард.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар».








Имрӯз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Рустами Эмомалӣ аз истифодаи зиёди вейпҳо ё сигорҳои электронӣ дар байни наврасон изҳори нигаронӣ намуданд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пагоҳ ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
16 декабр ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
15 декабр иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
16 декабр ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба ду қонун тағйиру илова ворид карда шуд
15 декабр иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи таъсиси парки саноатӣ дар Тоҷикистон ба тасвиб расид






