Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Эрон эътимоднома супорид

Июнь 17, 2019 18:10

ДУШАНБЕ, 17.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. 17 июни соли ҷорӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ супорид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар чаҳорчӯби маросими мазкур мулоқоти Сафир Н.Зоҳидӣ бо Президент Ҳ.Руҳонӣ доир гардида, зимни он ҷонибҳо дар бораи ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули афкор намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба натиҷаҳои мулоқоти охираш бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе дар 15 июни соли 2019, омодагии кишварашро ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла иқтисодиёт, тиҷорат, фарҳанг ва дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ эълон дошта, ин равобитро ба нафъи ду давлат ва минтақа донист.

Дар фарҷом Президент Ҳ.Руҳонӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мизбонӣ ва баргузории шоистаи 5-умин иҷлоси сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баҳои баланд дода, ба Сафир Н.Зоҳидӣ барои фаъолияти минбаъдааш муваффақиятҳо таманно намуд.

Июнь 17, 2019 18:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Cафири Тоҷикистон бо раиси Бонки марказии Баҳрайн мулоқот намуд
Дар шаҳри Москва машваратҳои байниидоравии Тоҷикистону Русия доир гардиданд
Дар Душанбе муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардиданд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Баҳрайн дар бахшҳои гуногун баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон ба Подшоҳи Нидерланд эътимоднома супорид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Винни Вэй Ванг мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Озарбойҷон иштирок менамоянд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия баргузор мегардад
Тоҷикистон ва Қирғизистон рушди мунтазами муносибатҳои дуҷонибаро таъкид карданд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси иҷроии Фонди рушди саудӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт чорабинии тантанавӣ доир гардид