Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод маркази хизматрасониро ифтитоҳ ва ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд
ДУШАНБЕ, 24.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Нуробод бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази нави хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Иншоот дорои коргоҳҳои коркарди тунука, истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ, коркарди чуб, истеҳсоли хиштҳои сементӣ ва нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ мебошад. Дар ошёнаи якуми марказ фурӯши маводи ғизоӣ ва дар ошёнаи дуюм фурӯши либосу пойафзол ба роҳ монда шудааст.
Минбаъд сокинони водии Рашт метавонанд аз ин намуди хизматрасониҳо дар ноҳияи Нуробод дар сатҳи баланд баҳравар шаванд.
Маркази хизматрасонӣ аз тарафи бародарони соҳибкор Маҳмадёровҳо дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бунёд шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз дастгириву таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба фаъолияти соҳибкорӣ бунёди иншоотро барои қонеъсозии талабот ба ин намуди хизматрасониҳо муҳим арзёбӣ карданд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2017 оғоз гардида, он дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бунёди иншооти хизматрасонӣ дар заминаи дастгириҳои Ҳукумати мамлакат сурат гирифта, дар доираи амалишавии ҳадафҳо ҷиҳати ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ 50 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд.
Масоҳати умумии бино 3462 метри мурабаъро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон дар ҳаминҷо хони идона ороста шуда, аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зиёда аз 50 нафар ятимони кул чун анъанаи неки аҷдодӣ туҳфаҳои идона тақдим гардиданд. Ин тадбири муҳим дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Ваҳдати миллӣ хушҳолии наврасони бо амри тақдир ятимондаро афзун намуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии ятимону оилаҳои ниёзмандро дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид намуданд.
Ятимону оилаҳои ниёзманд дар арафаи ҳар як ҷашну маросим ҳавасманд гардонида мешаванд.









Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои қудратӣ тағйироти кадрӣ анҷом доданд
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари давлатӣ тағйироти кадрӣ амалӣ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд






