Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Лахш бо фаъолияти коргоҳи дӯзандагии «Сумая» шинос шуданд

Июнь 25, 2019 16:41

ДУШАНБЕ, 25.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Лахш бо фаъолияти коргоҳи дӯзандагии «Сумая» шинос шуданд.

Коргоҳи мазкур соли 2017 таъсис ёфта, то имрӯз 30 нафар сокинони маҳаллӣ, аз ҷумла 25 нафар зани хонанишин ва як маъюбро соҳиби кор кардааст.

Дар бинои дуошёнаи коргоҳ коргарон асосан ба дӯхтани сару либоси мактабӣ машғул мебошанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, коргоҳи дӯзандагӣ пурра мактабҳои ноҳияро бо сару либоси мактабӣ таъмин менамояд. Барои соли хониши 2019-2020 шуъбаи маорифи ноҳия бо коргоҳ барои дӯхтани 6000 либос шартнома имзо кардааст.

Фаъолияти пурсамари корхонаро Сарвари давлат ҳамчун яке аз роҳҳои амалӣ кардани ҳадафи чорум — саноатикунонии босуръати кишвар муҳим маънидод карда, таъкид доштанд, ки бояд коргоҳҳои саноатии мамлакат муассисаҳои таълимӣ ва хонандагони кишварро бо маҳсулоти ватанӣ — сару либоси босифат пурра таъмин намоянд.

Тавре роҳбари корхона Фирдавс Мирзоев иттилоъ дод, дар коргоҳ дар асоси фармоиш барои муассисаҳои давлатӣ, аз қабили идораи хизматрасонии коммуналӣ ва марказҳои савдои ноҳияи Лахш сару либоси махсус тайёр мекунанд.

Соҳибкори маҳаллӣ мақсад дорад, ки барои таъмини мардум бо ҷойи кор ва рушди деҳот дар ноҳия боз як коргоҳи қаннодӣ ва ошхона барои сайёҳон сохта ба истифода диҳад.

Боздид аз Коргоҳи дӯзандагии “Сумая” дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Лахш 25.06.2019

Июнь 25, 2019 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон