Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо рафти барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Конибодом шинос гардид
ДУШАНБЕ, 23.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом сафар намуда, бо рафти барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Сарвазири мамлакат ва Раиси вилоят дар ин рӯз аз минтақаҳои аз офати табиӣ зарардида боздид намуда, бо сокинон суҳбату мулоқотҳо анҷом доданд. Зимни суҳбатҳо таъкид карда шуд, ки пас аз рух додани ҳодисаи табиӣ бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фавран ситоди корӣ ташкил карда шуда, зарардидагон бо се маҳал хуроки гарм ва лавозимоти зарурии рӯзгор таъмин гардиданд.
Барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва тоза кардани манзилҳои истиқоматии сокинон аз лойу об сарбозони қисмҳои низомӣ, кормандони ташкилоту идораҳо ва ихтиёрирон ҷалб гардида, дар муддати як ҳафта манзилҳои сокинон аз лойу об тоза карда шуданд.
Чуноне иттилоъ дода шуд, то имрӯз ба минтақаҳои осебдида хатти барқ кашида шуда, хонаҳои сокинон дубора бо рушноӣ таъмин гардиданд. Дар доираи корҳои бартарафсозӣ ҳамчунин роҳҳо, селроҳаҳо тоза карда шуда, 300 метр қубурҳои обгузар хобонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки шаби 2-юми июн бар асари боришоти зиёди борон дар бархе минтақаҳои шаҳри Конибодом, аз ҷумла Ҷамоати ба номи Ғафурҷон Ортиқов ва кӯчаи Бобокалонови шаҳр сел омад ва офати табиӣ ба хоҷагии халқи шаҳр зиёни худро расонид. Тибқи иттилои масъулин, дар натиҷаи боришоти зиёди пай дар пай ва омадани сел дар маҷмуъ 95 хонаи сокинони минтақаҳои зикршуда зарар дидааст.
Тозасозии манзилҳои сокинон аз лойу об ба итмом расида, айни замон корҳои таъмиру барқарорсозии манзилҳои зарардида ҷараён дорад.








Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
Соли 2027 дар Душанбе ҷаласаи 49-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин доир мегардад
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд 25 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Нуробод бо иштироки муовини Сарвазир оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд
РОҲИ БЕҲТАР ВА БЕХАТАР. Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муддати 8-10 соат то шаҳри Душанбе мерасанд






