Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 26.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар бахши саноат тақвият медиҳанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи саноат дар мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо Намояндаи тиҷоратии Ҳукумати Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон Лорд Ҷон Алдердайс дар Душанбе баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории мутақобили судмандро дар соҳаҳои саноат, иктишофи геологӣ, омӯзиши кадрҳо, истихроҷ ва коркарди амиқи канданиҳои фоиданок мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид
«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Дар вилояти Суғд 109 корхонаи нави саноатӣ таъсис гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд






